Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 23 феврал 2017, 12:04

"Тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, аз Артиш озоданд"

2 октябр 2013, 10:02

Ҷавонон аз Тоҷикистону Туркманистон, ки дар Ватанашон хидмати ҳарбӣ кардаанду ба тозагӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия озоданд.

Дар ин бора ба хабаргузориҳо генерал майор Евгений Бурдинский, аз Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Русия хабар дода, афзудааст, ин меъёр танҳо ба шаҳрвандони тоҷику туркман дахл дорад.

Бурдинский шарҳ додааст, ки дар умум шаҳрвандоне, ки хидмати ҳарбиро дар дигар кишвар гузарондаанд, аз хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия озод намешаванд: “Аммо бо Туркманистону Тоҷикистон созишномаҳои байналмилалӣ дорем, ки муайян кардаанд, нафаре, ки дар ин кишварҳо хидмат кардааст, аз хидмати ҳарбӣ дар Русия озод аст.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин рафик генерал ана мешудаску якдигарфахми ва эхтироми хамдигари боиси рушди хамкорихо мебошад. Офарин а!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!