Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 21 январ 2017, 11:19

Оташнишонҳои «Талко» зинаи аввалро соҳиб шуданд

28 июл 2011, 09:20

Дар шаҳри Душанбе сабқати оташнишонҳои касбӣ баргузор шуд.


Дар ин мусобиқа 14 даста аз раёсат ва қисмҳои оташнишонии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд.Толиб Ҳаётов, як масъули сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба «Озодагон» гуфт, ин сабқат ба муносибати 83-юмин солгарди таъсисёбии Рӯзи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар варзишгоҳи машқӣ-таълимии раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар мусобиқа 14 даста аз рӯи намудҳои эстафетаи оташнишонӣ, давидан ба масофаи 100 метр бо монеаҳо, баромадан ба зинапояи муҳорибавӣ ба ошёнаи 4, баромадан бо зинапояи сеқабата ба ошёнаи 3 бо ҳам қувваозмоӣ карданд.
Оташнишонҳои ширкати алюминии тоҷик «Талко» сазовори ҷои аввал гардиданд. Зинаи дуюм насиби оташнишонҳои шаҳри Истаравшан шуд. Қисми минтақавии мустақили сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ бошад дар мақоми сеюм ҷой гирифтанд.
Толиб Ҳаётов гуфт, ин сабқат як давраи омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалист, ки соли равон дар Олмон баргузор мешавад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!