Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:22

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказӣ баргузор намешавад

3 октябр 2013, 11:00

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мегӯяд, бозии ниҳоии “Ҷоми Тоҷикистон-2013” миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “РегарТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки қарор буд, ин сабқати дастаҳои овозадори кишвар, ки яке аз тимҳои сермухлистарин ба шумор мераванд, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шавад. Ба иттилои манбаъ? иллати ба варзишгоҳи дигар гузаронидани ин бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар он аст, ки майдони марказии кишвар ҳанӯз омода набудааст.

Аз ин лиҳоз бо қарори бюрои Кумитаи иҷроияи ФФТ ин бозӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Қурғонтеппа баргузор хоҳад шуд. Сабқат рӯзи 5-уми октябр соати 15:00 ба вақти маҳалӣ оғоз меёбад. Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” соли гузашта низ дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи 5-уми октябр дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” рақобат намуда, замони асосии бозиро мусовӣ 1:1 анҷом дода буданд. Дар натиҷаи зарбазаниҳои 11-метра "Регар-ТадАЗ" бо ҳисоби 6:5 ва бо ҳисоби умумии 7:6 ғолиб омада Ҷоми Тоҷикистон-2012-ро ба даст оварда буданд.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 ин ҷониб баргузор мешавад, дастаи “Регар-ТадАЗ” аз ҳама бештар 6 бор соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шудааст. Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд се бор барандаи Ҷом шудааст. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе дуборӣ ҷоми Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ барандаи Ҷом шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сад афсус Истиклол бо Равшан бози мекардан бисёр хуб.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!