Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:49

Зӯргӯии мактабхонҳо бо парвандаи ҷиноӣ анҷомид

3 октябр 2013, 14:21

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар Душанбе ноболиғон ба иттиҳоми латтукӯби чанд сокини болиғи пойтахт боздошт шуда алайҳашон парванда оғоз шудааст.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба мақомоти пулиси ноҳияи Синои Душанбе, шаҳрвандон Сиёвуш Ятимови 23-сола ва Муҳаммад Ҳомидови 19-сола, сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд, ки рӯзи 1-уми октябри соли равон тахминан соати 16:00 дақиқа дар маҳаллаи Меҳнатободи пойтахт, онҳоро 5-6 нафар ноболиғон бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ лату кӯб намудаанд: “Дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.”

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони даст задан ба амали авбошӣ ноболиғон, Фарзод Ҷалилов, Сӯҳроб Муминов, Абдуғафор Бобоеви 16 сола, Аслам Сафоев ва Садам Муҳиддинови 15 сола, сокинони шаҳри Душанбе, хонандагони мактаби таҳсилоти умумӣ дастгир карда шуданд.

Мақомот мегӯяд, айни ҳол тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!