Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:34

Иттилоъ дар бораи қаиқронҳои амрикоӣ “конфиденсиалӣ” эълон шуд

4 октябр 2013, 09:38

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон бо пахши як иттилоия дарёфти панҷ қаиқрони амрикоиро тасдиқ карда ва гуфт, ҳоло ин афрод дар Душанбе қарор доранд.

Бино ба иттилои сафорат, ба яке аз қаиқронҳои амрикоӣ машварати консулгарӣ зарур шудааст, ки он аз ҷониби намояндагии Амрико ба ӯ расонда мешавад. Сафорат аз додани иттилои бештар дар бораи ин гуруҳ худдорӣ карда, онро "конфиденсиалӣ" номид. Ин таъкид дар ҳолест, ки расман ин гуруҳ қаиқронҳои оддии амрикоӣ арзёбӣ мешаванд, ки гӯиё барои қаиқронӣ ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон рафтаанд.

Бен Лак, Нейт Клема, Мет Клема, Купер Ламбла ва Чарлз Кинг, дар маҷмуъ 5 нафар аз иёлати Калорадои Амрико, ки рӯзи якшанбеи гузашта ба Тоҷикистон ворид шудаанд, нопадид шуда ва охирин бонги ёрӣ аз онҳо тариқи моҳвора рӯзи чоршанбе ирсол шуда буд. Расман гуфта мешавад, сайёҳони қаиқрон ният доштаанд, баъд аз ду ҳафтаи ҳузур дар Тоҷикистон ба Непал ва баъдан ба Чин сафар кунанд. Ин афрод ҳамаашон донишҷӯ буда, як сол танаффус гирифтаанд, то дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон қаиқронӣ кунанд. Ин сайёҳон қаблан низ ба ҳолатҳои фавқулода дучор шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • асрор, хоруг

  • 4 октябр 2013 10:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
акаллан дар рузи забони миллат кайики туркиро бо калимаи зебои "заврак "-и точики иваз мекардед. наход рузи забон факат маъракаю чаласаорои бошад....????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Озоди навиштам, нашр накард! Ин сафорати Америка парвое надорад агар кормандонаш шахрвандони Точикитонро бо мошин пахш кунад. Боз кормандонашро мегурезонад! tojnews.org/jipi-saforati-ima-sokini-22-solaro-pakhsh-kard

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!