Додситонӣ ифшои сирри тафтишоти парвандаи Зайдро баррасӣ дорад
Додситонии кулли Тоҷикистон шикояти вакилони Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро дар мавриди ифшои сирри тафтишоти парвандаи зерҳимояашон ба баррасӣ гирифтааст.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов имрӯз,4-уми сентябр дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, Додситонии кул аризаашонро ба баррасӣ гирифтааст ва айни ҳол вакилон хулосаи онро интизоранд.
Қаблан се вакили мудофеи Зайд Саидов- соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи ташаббускорони ҳизби “Тоҷикистони нав” гузориши телевизониеро, ки дар бораи таҷовузи як духтари навраси рус аз сӯи нафари таҳти ҳимояташон ҳикоят мекард, ғайриқонунӣ донистанд.
Ин гузориш шоми 30-юми сентябр аз барномаи “Ахбор”-и телевизионҳои Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки дар он Зайд Саидов ба таҷовузи духтари ноболиғ муттаҳам мешуд.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъ, гуфт, ин кори мақомот бидуни ризоияти вакилони мудофеи Зайд Саидов сурат гирифта, махфӣ будани парвандаи нафари таҳти ҳимояташонро зери суол бурдааст. Вай дар идома гуфт, “мо дар ҳайрат мондем, чун ин парванда мӯҳри махфӣ дорад ва аз мо дар бораи фош накардани сирри тафтишот забонхат гирифтаанд. Лекин онҳо худашон дар барномаи “Ахбор” сирри тафтишотро фош карданду парвандаи махфиро дар телевизион нишон доданд, ки мо аз ин амалӣ мақомот комилан розӣ нестем.”
Мусоҳиби мо мегӯяд, “агарчӣ дар асоси парвандаи нави таҷовуз ба номус алайҳи Зайд Саидов айб эълон нашудааст, аммо мақомот ӯро дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор ҳисобиданд.”
Қудратов афзуд, ки мурофиаи навбатии парвандаи зерҳимояаш дар Додгоҳи Олӣ рӯзи душанбеи 7-уми октябр баргузор хоҳад шуд.
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, нимаи дувуми моҳи майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт гардид. Мақомот ӯро дар бисёрзанӣ, ришват, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, сӯистифода аз мақом, таҷовуз ба номуси ду ноболиғ муттаҳам мешуморанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |