Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:31

Видеои орзуи сокинони одӣ дар рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон

5 октябр 2013, 15:16

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми октябр ба синни 62 қадам гузошт. Вай, ки аз соли 1992 ба инсӯ зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад, соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Оқои Раҳмон фаъолияти корияшро соли 1969, баъд аз хатми омӯзишгоҳи касбию техникии №40-и Калининободи собиқ ва Сарбанди ҳозира шуруъ мекунад. Соли 1982 факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Эмомалӣ Раҳмон соли 1990 вакили мардумӣ дар Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардида, 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳум раиси Шӯрои олӣ ва дар интихоботи президентии соли 1994 раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб мешавад.

Вай барои бори чорум дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ Тоҷикистон иштирок мекунад. Ӯ то кунун дар се интихоб иштирок карда ва бар рақибонаш дастболо шудааст.

Наворбардори “Озодагон” дар рӯзи таваллуди оқои Раҳмон аз чанде сокинони одии пойтахт пурсид, ки чӣ гуфтанӣ доранд. Орзуву назари онҳоро дар ин навори видео бубинед:




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Халки.

  • 5 октябр 2013 17:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хам бо катори хамаи мардум ин ро табрик мегуяму. Гуфтаниям,ки як хидмате ба хотири Худо барои халкиш мусалмони Точик намо. Хидмат хамин,ки хамин номзадита аз ин мансаб гир дигар нашав.
Посух додан
  • tojik

  • 5 октябр 2013 18:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xudovand nigohbonat va umri darozu hidoyat nasib gardonand ba janobi oli.xudovand dushmanoni shumovu dushmanoni milati tojikro kur kunand.omin..
Посух додан
  • Абдулло

  • 6 октябр 2013 00:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Динёра обод кадай... wink wink wink
Посух додан
  • фҷфф

  • 6 октябр 2013 10:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чаро фикри як тарафро гузоште ҳаматон кисагиен ва нони ҳаром мехурен
Посух додан
  • Валӣ

  • 7 октябр 2013 11:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман низ ҷанговари интернасионалист ҳастам, илтимос бародар аз номи ҳамаи мо гап назан, баъд аз соли 1990 аз ҳамаи намуди имтиёзҳо маҳрум шудем, косалесиро як тараф мону ҳақиқатро гап зан, мабодо кару кур набоши, аҳволи мардумро намебини, интернасионалистҳои Россия ва дигар кишварҳои ИДМ (СНГ) аз беҳтарин имтиёзҳои давлати худашон баҳра бардоранд, ин тоифаи тасодуфи солҳост, ки дар ғами шиками худашон, парвои ману туро надоранд. Мумкин худи ту ҳамроҳи чанд дустонат моро фиреб карда аз номи ҳамаи мо аз кумакҳо бархурдор ҳасти. Аҳ ҳамин хотир чоплуси дори.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!