Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:02

2:0. Имсол “Истиқлол” “Регар”-ро шикаст дод ва соҳиби Ҷом шуд

5 октябр 2013, 20:13

Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013, ки шоми 5 октябр дар варзишгоҳи “Пахтакор” бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рӯбарӯ омад, бо 2 голи бе ҷавобаш пирӯз шуд ва ҷоми мусобиқотро cоҳибӣ кард. Ин барои бори севум аст, ки дастаи "Истиқлол" дар мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон пирӯз мешавад.

Ҳардуи голи ғолибонро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаҳои 44 ва 70-и сабқат ба ҳадаф расонд. Дар поёни сабқат ба футболбозону мураббиёни “Истиқлол” ба ҷуз аз Ҷоми Тоҷикистон – 2013, инчунин, медалҳои тило тақдим гардид.

Ба бозигарону мураббиёни дастаи “Регар-ТадАЗ” нишонҳои нуқра ва ба доварони бозӣ низ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” соли гузашта низ дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи 5 октябр дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” рақобат намуда, замони асосии бозиро мусовӣ 1:1 анҷом дода буданд. Дар натиҷаи зарбазаниҳои 11-метра "Регар-ТадАЗ" бо ҳисоби 6:5 ва бо ҳисоби умумии 7:6 ғолиб омада, Ҷоми Тоҷикистон-2012-ро ба даст оварда буд.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 ин ҷониб баргузор мешавад. То кунун дастаи “Регар-ТадАЗ”, аз ҳама бештар, 6 бор соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шудааст. Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд се бор, дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ ҷоми Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ барандаи Ҷом шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Човидчон

  • 5 октябр 2013 21:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аслан ин чом насиби Равшан буд аммо номардхо кори каридагияшонро карданд!
Посух додан
  • Мухлиси вокеъбин

  • 5 октябр 2013 22:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
«Озодагон» , хамзамон ёдовар шавед, ки бо сабабхои ба хама маълум, ФФТ дастаи «Равшан»-и Кулобро аз идомаи бози дар чоми ЧТ махрум сохта, ба ин васила рохи «Истиклол» ро барои ба даст овардани чом мисли рохи пулакии IRS хамвор кард! Ин чом аз «Равшан» буд, аммо НОАДОЛАТИи рахбарияти ФФТ то абад дар зехни мухлисони футболи точик хохад монд! Бидуни кайчи задан, нашр созед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!