Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:22

Изҳороти устодони Донишгоҳ ба ҷонибдории Раҳмону ба муқобили Зоиров

7 октябр 2013, 09:07

Ҳуқуқшиносони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, изҳороти Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ-ро, ки ахиран пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълиро дар интихоботи соли 2013 шикасти Сарқонун гуфт, беасос хонданд.

Устодони ДМТ-Маҳмудов И.Т, Азизов У.А ва Раҷабов.М бо пахши як изҳорот таъкид доранд, ки тибқи муқаррароти интиқолии Сарқонуни Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳақ дорад, боз президент шавад: “Дар банди сеюми муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Интихоботи пай дар пайи Президент барои ду мӯҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад». Дар моддаи 65 омадааст, ки як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аз мазмуни ин муқаррарот чунин бар меояд, ки шахсе, ки соли 1999 ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст, пас аз анҷоми муҳлати ваколаташ (баъд аз гузаштани муҳлати 7-сола) метавонад номзадиашро барои интихоб шудан ба мансаби Президент барои ду мӯҳлати минбаъда пешниҳод намояд. Ба назари мо ин қисмат аз ин беш дигар мазмуне надорад.”

Ҳуқуқшиносон бо зикри ин муқаррарот таъкид мекунанд, ки пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президентӣ бо назардошти риояи тамоми муқаррароти Қонуни асосии кишвар роҳандозӣ шуда, ба ҳеч ваҷҳ ин амал наметавонад, ки «инкор ва шикасти Сарқонун» бошад. Устодони ДМТ афзудаанд, ки мувовиқи муқаррароти моддаи 1-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 кам нест, забони давлатиро медонад, камаш 10 соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, Президент интихоб шуда метавонад.

Номзадии Эмомалӣ Раҳмон, ки беш аз 20 сол зимоми қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад, ахиран аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ва инчунин Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пешбарӣ шуд. Аммо Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ ва роҳбари консорсиюми юридикии Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон хост, розигияшро ба президентии дигарбора надиҳад, зеро он шикасти Сарқонун мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Назму тартиб хар кучоест пойдор,
Зиндагиву кор мегирад барор. -гуфтаанд. Аслан максад ва хадафи кабули Сарконун ва мохияти онро чи гуна шарх дода метавонед, устодони гироми? Оё гуфта метавонед, ки аз соли 1994 то 2013 ба чанд давраи мухлати Президенти баробараст. Аслан мо зарурият ба интихоби Президент дорем?

Ман чи гуям то чунон бошад, ки хадди хусни туст,
Хам ту худ фармо, ки чуни то чунон гуям туро.
Посух додан
  • tojik

  • 8 октябр 2013 00:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
muvofiki konun budaastku.in zoiruf konunro namedonistaast bechora.
Посух додан
  • Адл Душанбе

  • 27 октябр 2013 21:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Номзадии Э.Рахмон ба мансаби Президенти ЧТ ба тамоми талаботхои Конститутсия чавобгуй аст. Баьзехо бо дигар ниятхо иброз медоранд, ки ба Конститутсия чавобгуй нест, ки инро аксарияти хурду бузурги ватандусти Точикистон медонанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!