Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:53

Ҳомиёни ҳуқуқ: «Исбот кунед, ки онҳо зиндаанд»

7 октябр 2013, 11:36

54 созмони ҳоми ҳуқуқ аз ҳукумати Туркманистон даъват кардааст, то исбот кунад, маҳбусони сиёсие, ки соли 2002 ба зиндон кашида шудаанд, ҳанӯз зиндаанд. Дар ин бора Садои Амрико хабар додаст.

Ин созмонҳо дар маъракае, ки «Исбот кунед, онҳо зиндаанд» ном дорад, мехоҳанд ҳукумати Туркманистон барои беному нишон шудани даҳҳо маҳбусе, ки дар талоши сарнагун кардани президент Сапармурод Ниёзов дар соли 2002 муттаҳам мешуданд, ҷавоб бигӯяд.

Ин созмонҳо 4-уми сентябр зимни конфронси байналмилалии САҲА дар пойтахти Лаҳистон, шаҳри Варшава ба ҳам омаданд ва пешниҳоди мазкурро ба ҳукумати Туркманистон ироа карданд. Барои ширкат дар ин маърака гуруҳи амрикоии Crude Accountability, маркази ҳифзи ҳуқуқи Мемориал, маркази рушди демократия ва ҳуқуқи инсон, Human Rights Watch ва дигар созмонҳои ҳоми ҳуқуқ хабар додаанд.

«Тақозои ин маърака одист. Мо мехоҳем, то ҳукумати Туркманистон исбот кунад, ки онҳо зинда ҳастанд», - гуфтааст Кейт Уотерс, сарвари иҷроияи гуруҳи амрикоии Crude Accountability.

Ба гуфтаи ӯ Туркманистон ба тавсияҳои СММ дар мавриди он ки маҳбусон дастрасӣ ба адвокат, ёрии тиббӣ ва дидор бо хонаводаҳояшонро дошта бошанд, розӣ шудааст. Аммо то кунун маҳбусони сиёсӣ бо вакилони дифоашон иртибот надоранд ва аз дарёфти ёрии тиббӣ бебаҳраанд.

Мақомоти Туркманистон ба дархостҳои бешумори ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди макони нигоҳдории ин зиндониён посух надодааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!