Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:33

Дахли театри ҷавонон ба мавзӯи муҳоҷират

7 октябр 2013, 15:36

Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо ҷалби саркоргардони театри ба номи Маяковский ният дорад, намоишномаи “Моҷаро дар Киоча” ё худ “Кьоджинские перепалки”-ро рӯи саҳна гузорад.

Толибҷон Бобоев директори театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мегӯяд, “ин намоишнома аз рӯи асари драманависи итолиёвӣ, Карло Голдонӣ, дар тарҷумаи Шамси Собир таҳия мешавад.” Ӯ таъкид кард, ки “Миралибековро на барои он даъват кардем, ки мо дар театр коргардон надорем. Даъвати мо ба он хотир аст, ки актёрҳо бояд бо коргардонҳои гуногун кор кунанд. Бо як коргардон, ки давоми сол кор карданд "догма" шуда мераванд. Кор бо коргардони нав ҳаракат, ҷустуҷӯяшонро бештар мекунад ва таҷриба мегирнад.”

Дар барои мазмуни асар Толибҷон Бобоев афзуд, “ин моҷаро гарчанде дар шаҳри Киочаи Итолиё гузаштааст, имрӯз ба дарди мардуми мо саҳт монанд аст. Мавзӯи кор ва муҳоҷирати мардон аст. Аксар мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии замонаро дар шакли мазҳака, дар ғайбату гуфтори занон пешниҳод мекунад.”

Роҳбари театри ҷавонон илова намуд, ки “се ҳафта ин ҷониб кор болои ин асар давом дорад. Дар он ҳунармандони касбӣ , Шодӣ Солехов, Гулсара Абдуллоева, Назирмад Мусоев, Тағоймурод Розиқов ва дигар ҳунармандони театр банд ҳастанд.”

Бобоев таъкид намуд, ки нахустнамоиши ин асар фардо, 8-уми октябр, дар Шӯрои Вазорати фарҳанг баррасӣ гардида, масъалаи кай ба тамошобинон пешкаш гардидани он рӯшан хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!