Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:56

Раҳмон дар Бадахшон: Аз “Карон” то мулоқот бо сокинони Хоруғ (Навшуда)

8 октябр 2013, 08:46

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз 8-уми октябр, озими вилояти Бадахшон шуда, айни ҳол дар ноҳияи Ванҷ қарор дорад.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар Ванҷ гарм истиқбол намуданд: “Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи як нерӯгоҳи барқи обии 900 килловатта иштирок карда, изҳор дошт, ки дар назар аст, дар ноҳияи Ванҷ боз шаш нерӯгоҳи дигар мавриди истифода қарор бигиранд.”

Шарифзода афзуд, ки имрӯз инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи варзишгоҳ дар ноҳияи Ванҷ иштирок намуд, ки бо арзиши 2,5 миллион сомонӣ, бо маблағгузории раиси ширкати "Вастан" Нуралӣ Шарипов бунёд шуда, барои 13 ҳазор сокини ин навоҳӣ хизмат хоҳад кард. Ба иттилои манбаъ имрӯз, инчунин мулоқоти президент бо фаъолони Ванҷ дар назар аст.

Абдуфаттоҳ Шарифзода илова намуд, ки сафари раисиҷумҳур дар Бадахшон се рӯз идома хоҳад дошт: “Баъди боздид аз Ванҷ Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз рафта, як майдони варзишӣ ва чанд иншоотро боз хоҳад кард. Инчунин раисиҷумҳур аз қалъаи таърихии «Карон» дидан мекунад ва сипас ба навоҳии Шуғнон ва шаҳри Хоруғ сафар карда, бо мардуми онҷо мулоқот хоҳад кард.”

Ба иттилои Шарифзода сафари кории президент дар навоҳии Бадахшон 11-уми октябр ба анҷом хоҳад расид.


Раҳмон дар Бадахшон: Аз “Карон” то мулоқот бо сокинони Хоруғ (Навшуда)

Раҳмон дар Бадахшон: Аз “Карон” то мулоқот бо сокинони Хоруғ (Навшуда)

Раҳмон дар Бадахшон: Аз “Карон” то мулоқот бо сокинони Хоруғ (Навшуда)

Раҳмон дар Бадахшон: Аз “Карон” то мулоқот бо сокинони Хоруғ (Навшуда)

Раҳмон дар Бадахшон: Аз “Карон” то мулоқот бо сокинони Хоруғ (Навшуда)

Раҳмон дар Бадахшон: Аз “Карон” то мулоқот бо сокинони Хоруғ (Навшуда)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Зез

  • 8 октябр 2013 09:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
6. неругохи дигарш ин як дурги махс хичи мамешавад. ин як чорабинии каблаз интихнобооти таммом хичизи даг не. дар чашми мардум хокпошидан.
Посух додан
  • КОМРОНШОХ, ВАНЧ

  • 8 октябр 2013 10:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХУШ ОМАДИ БА ВАНЧИ ПУР АЗ ГАНЧИ МАН
Посух додан
  • ИЛХОМИ

  • 8 октябр 2013 10:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чаро ашрххои навиштаи ИЛХОМИРО чоп намекуни
Посух додан
  • max12

  • 8 октябр 2013 11:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КОМРОНШОХ,  ВАНЧ,
лаганбардорию чоплусию хушомадзани накун номи Ванчро паст назан.. ин хама як намоиши пеш аз интихоботист ..баъд аз интихобот бо хамон харак боз хамон дарак
Посух додан
  • КИРМОНШОХ , ВАНЧ

  • 8 октябр 2013 11:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
НОИ АСЛИАТРО НАВИС МАХ ГУФТАНИ ДАР ВАНЧИ МАН НЕСТ ВА ИН ЧОПЛУСИ НЕСТ
Посух додан
  • Шамс

  • 8 октябр 2013 13:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зез. Аввал ду калимаро бо хам чангаандозиро ёд гир бад фикратро баён кун. Аз калимахои навиштаат маълум, ки 5 дирамба арзиш надоред.
Посух додан
  • OZOD

  • 8 октябр 2013 18:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албатта ки хамаи ин сафар ва истикболи бо дафу чанг факат ба хотири интихобот мебошад. Чун ки дар ду иншооте ки ЧО лента бурид, хеч сахми хукумат нест. ГЭСро бо маблаги чудокардаи (2 млн доллор) шайхи Абу-Даби сохтанд, ва чихеле ки дар макола кайд шудааст комплекси варзишро бо пули точирон. Аз хамин хотир бо нону намак ва созу навоз бояд касеро пешвоз гирифт ки сахм гузоштааст дар ободии нохия. Аммо мутассифона узви падхалимии ба дарачае расидааст ки мардум кобиляти ростро аз дуруг ва сиехро аз сафед фарк каданро тамоман гум кардааст.
Посух додан
  • Марчона

  • 9 октябр 2013 11:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шарм намедорад рафта лентаи кори дагаронро мебурад кай кайчияш мешиканад, ки хамин точирон хам халос шаванд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!