Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:42

Ёвониҳо ба сабқати вилоятӣ роҳхат гирифтанд

29 июл 2011, 04:57

Дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ озмуни иди «Асал-2011» ва «Сайри харбуза» идома дорад.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуот ва иттилоти вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд. Чорабинии мазкур ба ифтихори таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ бахшида шудааст. Бино ба қавли манбаъ, феълан дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон  «Иди асал» ва «Сайри харбуза» сурат пазируфт, ки дар он аз тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳия зиёда аз 500 килограмм  намудҳои гуногуни асал дар зарфҳои хурду калони ороишӣ ва  инчунин 12 намуди харбуза ба миқдори зиёда аз 7  тонна, бо нархҳои 30-40% арзон нисбати бозор пешкаши харидорон гардонида шуд. Ҳамзамон, маҳсулотҳои аз харбуза омода кардашуда, аз ҷумла шарбати харбуза, харбузаи хушккардашуда ва фатирмаскаи харбузагӣ ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шуд. Ғолибони озмун ба мукофотҳои таъсисдодаи ҳукумати ноҳия сафароз  гардида шуда ва ба озмуни вилоятии «Асали Хатлон-2011» ва «Иди харбуза-2011» роҳхат гирифтанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!