Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:42

Вокуниши КМИРТ ба изҳороти Шокирҷон Ҳакимов

8 октябр 2013, 12:43

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) иддаои Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) -ро дар мавриди ғайриқонунӣ будани тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳоро беасос хонд. Рӯзи ҳафтуми октябр, дар рӯзи охирини ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо, Кумисюни марказии интихобот замони онро се рӯзи дигар дароз кард ва ба номзадҳо ба мақоми президентӣ имкон дод, то 210 ҳазор имзои зарурӣ барои сабтиномашонро ҷамъ оваранд.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов дар дар ҷаласаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ ин тасмими КМИР-и ғайриқонунӣ дониста, эълон дошт, ки ислоҳотхоҳон бояд интихоботро бойкот карда, аз идомаи мубориза даст кашанд. Ин изҳороти Ҳакимов дар миёни аъзои ИНИТ ҳам вокунишҳои мухталифро ба бор оварда, аксарият мухолифи ин пешниҳод раъй доданд.

Кумисюни марказии интихобот дар посухи худ ба Шокирҷон Ҳакимов тасмимашро ингуна шарҳ додааст: “Мувофиқи Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифадорем, то ариза, шикоят ва ҳаргуна муроҷиатеро, ки ба унвонии ин мақом ворид мешавад, баррасӣ карда, аз рӯи онҳо қарори дахлдор қабул намоем. Мувофиқан, ба унвонии КМИР аз ҲДТ, ҲСТ ва ҲКТ дархост ворид шуда буд, ки барои пурра ба сомон расонидани маъракаи ҷамъоварии имзоҳо ва ҷамъ овардани 5%-и муқаррарнамудаи Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон, мӯҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо тамдид карда шавад."

Бар асоси иттилои манбаъ, қарори КМИР оид ба тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо “бо дарки пурраи масъулият аз ҷониби ин мақом қабул шудааст ва мақсади асосии он таъмини баргузории интихоботи демократӣ, шаффоф ва иштироки васеи номзадҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ мебошад”.

Барои иштирок дар интихоботи президентии Тоҷикистон, ки шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, ҳафт номзад пешбарӣ шудаан. Ин номзадҳо вазифадоранд, то даҳуми октябр ба тарафдории худ 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ карда, сипас, худро расман дар Кумисюни марказии интихобот сабтином намоянд. Дар ғайри сурат, онҳо аз бозӣ хориҷ хоҳанд шуд. То кунун танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ эълон кардааст, ки ба тарафдории номзадаш – Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, беш аз 220 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд. Аҳзоби дигар мегӯянд, то даҳуми октябр ин миқдор имзоро ҷамъоварӣ хоҳанд кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мирхалил

  • 9 октябр 2013 18:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар мухочиро дар маъракаи имзочамкуни ширкат мекарданд хуб буд аммо хукумат нахост

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!