Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:22

Дар нӯҳ моҳ аз Русия ба Суғд беш аз 240 тобут фиристодаанд

8 октябр 2013, 13:49

Масъулони фурудгоҳи Хуҷанд мегӯянд, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба ин минтақаи Тоҷикистон 249 тобути муҳоҷирони корӣ оварда шудааст. Ҳусейн Шукуров, раиси ситоди фурудгоҳ, ки рӯзи ҳаштуми октябр дар як нишасти хабарӣ суҳбат мекард, гуфт, аз ин теъдод 18 нафар худкушӣ кардаанд, ки 2 нафарашон зан мебошанд.

Оқои Шукуров мегӯяд, ҳарчанд сабаби фавти муҳоҷирон дар Русия кори онҳо нест, аммо ин масъала онҳоро сахт нигарон сохтааст. “Аз моҳи август ба ин сӯ ҳар як ҳолатро мо таҳлил мекунем, ки муҳоҷирони фавтида аз кадом ноҳияанд, сабаби маргашон чист. Ин иттилоъ дар компютер ҳам ҳифз мешавад. Сабабҳои марги муҳоҷирон бештар бемориву садама аст. Шумораи фавтидагон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст. Соли гузашта ин рақам ба 260 нафар баробар буд”,-афзуд ӯ.

Раиси ситоди фурудгоҳи Хуҷанд гуфт, аксари муҳоҷирони фавтида аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ ва Ашт будаанд. Ҳамасола беш аз як миллион сокини Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • п

  • 8 октябр 2013 14:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеч гап нест. Хамин президент бошаду хамин "сиесаташ", тобутхо боз хам зиедтар мешаванд. Худо хохад дар солхои наздик тамоми мардхои точикро ба Россия гусел мекунад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!