Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:46

Як расонаи русӣ: “Аз марги 1000 муҳоҷири тоҷик ҳангома насозед”

8 октябр 2013, 18:17

Бархе аз расонаҳои русӣ бар инанд, ки фавти беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ҳар сол дар Русия як омори “табиӣ” мебошад ва набояд аз он ҳангома ҷуст.

Торнамои русии “Военное обозрение” бо нашри як матлаб таҳти унвони “Таджикистан-Россия: базе – быть, мигрантам – тоже” гуфтааст, агар воқеан ҳам шаҳрвандони Тоҷикистонро омори фавти муҳоҷиронашон ба ташвиш овардааст, пас, ба ҳамватанони худ иҷоза надиҳанд, то барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия оянд.

Дар 9 моҳ 249 тобут ба Суғд

Володин Алексей, муаллифи ин сатрҳо, ки аз он номе гирифта нашудааст, аз изҳороти охири Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар мавриди тасвиби қарордоди Маскаву Душанбе оид ба будубоши пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон иброзӣ нигаронӣ кардаааст. Муаллиф мегӯяд: “Хонум Бобоназарова! Ташвиши Шумо барои муҳоҷирони меҳнатӣ, албатта, моро тасхир кард. Аммо мардуми Русия низ барои онҳо ғамхорӣ мекунанд. Агар нахоҳанд ба муҳоҷират наоянд ва дар ватани худ кор кунанд, касе онҳоро маҷбур намекунад. Дар мавриди 1055 ҷасади муҳоҷири тоҷик, ки ҳамасола ба Тоҷикистон интиқол меёбад, гуфтаниям, ки ин як омор аст. Агар аз якуним ё ду миллиони муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия 1055 нафар дар сол фавтидааст, пас ин нисбат ба оне ки дар ватаншон - Тоҷикистон мемиранд, камтар аст. Барои чӣ дар ин маврид гап намезанед?”

Инчунин, дар матлаб омадааст, ки бархе аз нерӯҳои мухолифи тоҷик аз “саховатмандӣ”-и Русия дар мавриди он ки бар ивази ҳузури пойгоҳи низомияш дар Тоҷикистон ба Душанбе, вуруди нафти бе боҷ ва кумак ба навгардонии Қувваҳои мусаллаҳ ва масъалаи будубоши муҳоҷиронаш ваъда додааст, “ношукрӣ” менамоянд. Дар ҳоле ки Маскав қодир буд, онро ройгон ба даст орад: “Дар умум, пойгоҳи русӣ фаъолияти худро дар минтақаи Тоҷикистон бар ивази кумак ба муҳоҷирон, вуруди нафти бе боҷ ва кумак ба навгардонии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон давом медиҳад. Ин баҳои баланд аст ё паст? Вобаста ба он ки ба ин чӣ гуна менигаред... Албатта, мешуд, ки ин чизро тариқи фишор ба Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард. Чи тавре мегӯянд, “як пешниҳоде кун, ки дигар рад карда натавонад”.

Вале ба гуфтаи муаллиф, ҷониби Русия дар ин маврид гузашт карда, аз роҳи дигар кор гирифтааст: “Ҳукумати рус дар ин бора бо роҳи дигар рафт. Аммо дар Тоҷикистон баъзе қувваҳое ҳастанд, ки аз ин саховатмандӣ аз ҷониби Русия розӣ нестанд.”

Ин расонаи русӣ бо ёдовар шудан аз он ки беш аз сеяки ММД (маҷмуи маҳсулоти дохилӣ)-и Тоҷикистон аз пули муҳоҷиронаш иборат мебошад, гуфтааст: “Чунин ба назар мерасад, ки барои Душанбе он қадар муҳим нест, бо кадом роҳ (расмӣ ва ё ғайр) ин маблағҳо ба даст меоянд, муҳим он аст, ки бештар ба ватан интиқол шаванд. Агар Русия дар ин ҷода ягон монеа эҷод кунад, пеш аз ҳама барои рӯирост гапзаданам маъзарат мехоҳам, пас Тоҷикистон ҳамчун давлат дигар фаъолият нахоҳад кард, албатта, агар касе “ба қадри имкон кӯмак накунанд.”

Дар мавриди тасвиби қарордод оид ба тамдиди будубоши пойгоҳи 201-и Руися дар Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ба дарозо кашидани имзои ин қарордод аз сӯи парлумони Тоҷикистон то арафаи интихоботи президентӣ як чизи пешбинӣ шуда буд ва ба ҳамагон маълум буд, ки вакилони тоҷик онро тасдиқ хоҳанд кард: “Маълум буд, ки қарордоди мазкур ба эҳтимоли қавӣ дар арафаи интихоботи президентии Тоҷикистон ба тасвиб мерасид, чун дар ин маъракаи сиёсӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, низ барои боқӣ мондан дар курсии худ вориди сабқат хоҳад шуд. Дар асл парлумони Тоҷикистон воқеан ҳам талош намуд, то баҳси тасвиби қарордоди пойгоҳи низомии Русияро то арафаи интихоботи президентӣ, ки қарор аст, 6-уми моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад, кашола диҳад. Албатта, натоиҷи раъйгирии вакилони тоҷик дар мавриди тасвиби қорордод пешбинӣ шуда, буд, ки ҳудуди 97 дарсади онҳо раъйи мусбат хоҳанд дод.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои расидан ба маънии ин сатрхо номус доштан лозим, хайфам меояд ба милати азияткашидаам. То ба кай бо ин беномуси руз ба сар мебурдабошем?.
Як маколи халки хаст, ки мегуяд: - Дасти худро гул бисозу, минати накас накаш.
Посух додан
  • Нек

  • 9 октябр 2013 08:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сад хайфи номи давлат ки ингуна тамасхур кунанд Точиконро ва чавобе гуфтан натавонед аз тарси мансабу курси ..барои як мансаб шуда номи бузурги таърихии Точикро поймол кардед ва то ба ин руз расондед!!! руи рост мегуянд алакай ва Точикистонро хамчун давлат хам намешуморанд ва Точикро хамчун миллат ... Э Рахмон агар ба заррае дар гами милат боши шахсан чавоби инхоро гу е чорае андеш!!! ..аз Русхои дуруя шуда ба Амрикоихо хамкори куни сад бор бехтар аст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хушбахт,
Дар рахмати Худованди олам бош дустам.....
Агар хакикат мумкин зиёд мурда бошад лекин ин агар дах баробар зиёд шавад хеч кас дар фикри ин халку миллат нест.... Онхо номусро дигар хел мефахманд
ШАМЪИ КАЧ ОХИР БИСУЗАД ШИШАИ ФОНУСРО,
МАРДИ БЕ НОМУС ЧИ ДОНАД КИММАТИ НОМУСРО.
Таъчиби вайхо аз зану фарзандонашон шарм намедошта бошанд, ки аз ухдаи ин халку миллат ва корашон ки такдири ин миллат вобаста ба онхост намебароянд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
1. Касе метавонад бигӯяд, ки чаро русҳо ҳеҷ намехоҳанд Тоҷикистонро тарк бикунанд? Манзури ман артиши рус аст, ки бар ивази маблағи ҳангуфт дар кишвари мо нигаҳ дошта мешавад, дар ҳоле ки аксари нафақахӯрони Русия каме бештар аз сад доллар нафақа мегиранд. Аз камбуди маблағ дар буҷаи давлат.

2. Пас аз ин таҳқиру тамасхӯри рус (Масалан: "...Албатта мешуд, ки ин чизро тариқи фишор ба Э. Раҳмон ба даст овард." "...пас, Тоҷикистон ҳамчун давлат дигар фаолият нахоҳад кард.." ва ғайра) Э Раҳмон худро ба сифаӣти президенти кишвар чи гуна ҳис мекунад? Ба назар мерасад, ки ӯ аз ин баҳодиҳиҳо хабар надорад. Шояд ҳамаи информатсияро ба президент филтр карда медиҳанд? Магар фарзандонаш наметавонанд ин сайтҳоро кушода худашон маълумот ба даст оранд ва ба падарашон нишон диҳанд?

3. Дар ҷаҳон давлатҳое ҳастанд, ки аз Тоқикистон дида сад маротиба қашшоқтаранд. Чаро касе онҳоро таҳдиду таҳқир намекунад? Русия ин қадар тоҷикон ва Тоҷикистонро таҳқир мекунад, аз мо "сипосгузорӣ" металабад, вале мо хомӯшона таҳаммул мекунем, бо сари хам мегардем. Магар он қадар беномусем? Касе ҳаст ба ин саволҳо ҷавоби дуруст бидиҳад? Мехоҳам намояндаи расмии ҳукумат бо ному вазифааш, ҷавоб бидиҳад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!