Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:41

Тирпаронӣ дар хонаи Дости Бурут, яке аз афроди шинохтаи Файзобод

9 октябр 2013, 11:14

Яке аз ронандаҳои хонаводаи Дӯстмурод Ҳакимов, маъруф бо лақаби Дости Бурут ва яке аз афроди шинохтаи ноҳияи Файзобод гуфт, афродеро, ки шаби гузашта ба манзили онҳо ворид шудаанд, боздошт кардаанд.

Ба қавли ӯ, ғоратгарон тақрибан чор нафар буда ва бо таппончаву корд мусаллаҳ будаанд: “Онҳо бой (Дӯстмурод Ҳакимов) ва занашро “угрожат” (таҳдид) карда, бо “скоч” дасту даҳанашонро бастаанд”.

Ба гуфтаи ӯ, нафаре зуд ба шӯъбаи корҳои дохилӣ хабар медиҳад: “Вақте милисаҳо омаданд, як тир паронда шуд. Намедонам, кӣ паронд. Он ғоратгарон гурехтанд, лекин як нафарашонро дар хона дастгир карданд. Ман шунидам, ки ду каси дигарашро ҳам доштаанд”.

Дости Бурут падари генерал-майори адлия Меҳроҷиддин Ҳакимов, узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон буда, яке аз тоҷирони муваффақи кишвар дониста мешавад. Ӯ дар деҳаи Мулло Туғмаи Файзобод, тақрибан се километр дуртар аз маркзаи Файзобод зиндагӣ мекунад.

Дар акс: Дӯстмурод Ҳакимов


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилёб

  • 9 октябр 2013 11:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз нахзатихо пурсед, шояд ягон узви ин хизб дуздида бошад. Ин дар мо одат шудааст ку. ТВ-хои фаъол дорем, ба чуз аз вазифаи иттилоърасони боз метавонанд, тафтишот баранд, дастгир кунанд, хукм бароранд ва гайра...
Посух додан
  • хонанда

  • 9 октябр 2013 12:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сомонаи Озоди хам дар бораи рабуда шудани як зан аз шахри Кулоб хабар додааст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ха бой ки шуда бо фукаро таксим ки накарди таёерира дидан даркор нисбати дуздхо ин аст конуни фалсафаи зиндаги.Ягон чои хафагиш нест факат инча ба дузд камхунар будааст де.
Посух додан
  • Halim

  • 9 октябр 2013 14:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин як реклама барои досту бурутай. кори худшонай. мо нағз мешиносем вайора. худшон дузданд. дузди набошад ин қадар пулу мол ва мурға аз куҷо овардай а?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй аъзоёни редаксияи Озодагони бесавод, Хакимов М. узви Мачлиси намояндагон не, балки вакил аст якум, думю не генерал майори адля, балки мушоври давлатии адляи дарачаи сеюм. Точири мувафак Мехрочиддин Хакимов не, балки Акбар Хакимов мебошад.
Посух додан
  • Изатулло

  • 9 октябр 2013 14:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин занро дар кулоб аник як узви фаъоли нахзат дуздидаги аст!.
Посух додан
  • Fayzobod

  • 9 октябр 2013 21:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
амонбой,
Salom aleykum barodaron va xoharoni aziz , man in xabarro xondam bovar kuned zik shudam , boboi Dustmurod Hakimov xele mardi xub ast man xud az Fayzobod mebosham , padaram ba man nakl mekad ki molu mulki in mardi xudodok hamaw halol ast na in ki az puli duzdi balki az xazmati shabu ruz dar zaminhoyaw, in az avval na vazifai davlati dosht na molu mulk. xudash sohibi taxtu toj shud ki imruz in Mardro tamomi Tojikiston meshunosad , iltimos mardum gapoi harsuna nazanen balki xato mekuned , tashakur baroi dikataton
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
барои шумо кам аст достмурод хакимомуф шумо ика мардума гам метиед хаму набераи худат аст изо накашен бо суд кунен набератона winked winked

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!