Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:36

ВИДЕО: КМИР номзадии Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ кард

9 октябр 2013, 12:44

Комиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) бо аризаи шахсии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон, ӯро ҳамчун номзад ба интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 сабт кардааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР, имрӯз, 9-уми октябр, дар Душанбе иттилоъ дод, ки бо қарори анҷуманҳои Иттифоқи касаба, ҷавонон, Ҳизби халқӣ демократӣ ва аризаи шахсии Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ризояташ барои президентии дигарбора, КМИР расман номзадии Раҳмонро сабт намуд. Ба иттилои Шоҳиён ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон 222 ҳазору 906 имзо ба КМИР пешниҳод шуд, ки аз ин 9-тояш лағв гардид, зеро соҳибони имзоҳо ҳанӯз ба синни 18 нарасидаанд. Раиси КМИР афзуд, ки инчунин 15 шахси боэътимоди Эмомалӣ Раҳмонро сабт кардаанд.



Дар мавриди аҳзоби дигар Шоҳиён гуфт, айни ҳол аҳзоби коммунистӣ, демократӣ, сотсиалистӣ, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ аллакай теъдоди зарурии имзоҳоро пешниҳод кардаанд ва айни ҳол аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки ба ҷуз Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, муддаиёни дигари курсии президентӣ дар суҳбат бо “Озодагон” аз ҷамъоварии 210 ҳазор имзои зарурӣ барои пешбарии номзадияшон хабар доданд. КМИР муҳлати охирини ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳоро соати 18:00-и рӯзи 10-уми октябр муайян намуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар телевизион як масъули КМИР гуфт, ки Ойниҳол Бобоназароваро хамчун номзад аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) муаррифи кардан дар расонахо иштибохи бузург аст. Чунки Бобоназарова расман номзад аз ХНИТ дар КМИР ба кайд гирифта шудааст, на аз ИНИТ !
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
модоме ки боз хамин бошад пас интихобот чи лозим?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хамчун шахрванди Точикистон бовари дорам ки дар интихоботи Президенти Мухтарам Чаноби Оли Президенти ЧТ Эмомали Рахмон мегузарад.Мо хамаамон хамин умедро дорем.
Посух додан
  • Анора

  • 10 октябр 2013 06:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тасдик накунаду бенад:-(:-(:-(

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!