Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:10

Танҳо Бобоназарова монд. Ғаффоров, Талбаков ва Исмонов ҳам сабтином шуданд

10 октябр 2013, 15:21

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи 10-уми октябр боз се номзад ба мақоми президентиро сабтином кард. Инҳо -- Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист ва Саидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби демократи Тоҷикистон мебошанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот, гуфт, Ҳизби сотсиалист ба тарафдории номзади худ 216 ҳазор, Ҳизби демократ 217 ҳазор ва Ҳизби коммунист 218 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд. Вале, ба гуфтаи Шоҳиён, ба далели ноқисияш ҳудуди ҳазор имзо ба тарафдории Абдуҳалим Ғаффоров, номзад аз Ҳизби сотсиалист, аз эътибор соқит дониста шудааст.

“Дар умум онҳо (ҲСТ) 216 ҳазор имзо пешниҳод карданд, ки аз ин миён 496 ҳолат бидуни сабти рақами шиноснома, 19 ҳолат бидуни зикри синну сол ошкор шуданд. Инчунин, 12 ҳолати имзогузории шахсоне, ки синнашон барои овоздиҳӣ нарасидааст, низ ифшо гардид”,-гуфт ӯ.

Ба ин тартиб, ҳоло расман шаш номзад ба мақоми президентӣ вориди корзори интихобот шуданд. Танҳо Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, то кунун 210 ҳазор имзои заруриро ба Кумисюни марказии интихобот пешниҳод накарда ва худро сабтином нанамудааст. Ситоди интихоботии ӯ мегӯяд, дар ҳоли каме бештар аз 200 000 имзоро шумурда, дар соатҳои наздик шумораи умумии онро эълон хоҳанд кард.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад. Дар сурати сабтиноми Ойниҳол Бобоназарова ҳафт нафар барои дарёфти курсии президентӣ талош хоҳанд кард, ки яке аз онҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунист.


Танҳо Бобоназарова монд. Ғаффоров, Талбаков ва Исмонов ҳам сабтином шуданд

Танҳо Бобоназарова монд. Ғаффоров, Талбаков ва Исмонов ҳам сабтином шуданд


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сафар

  • 10 октябр 2013 15:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОЗОДАГОН кадомта бовар кунем? Точнюс мега имзохора чамъ карданд Шумо меген чамъ накарданд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хонуми далер Ойниҳол Бобоназарова ифтихори мо, тоҷикон аст. Вале ишон бояд медонистанд, ки "зӯри беҳуда, миён мешиканад". Натиҷаи интихобот пешакӣ маълум аст. Аз ин хотир худатонро беҳуда хаста накунед. Ҳоло ҳам дер нашудааст, ки аз муборизаи ноодилона даст бикашед.
Ин миллату мардуми хоболуду ғофил демократия, ҳуқуқ ва озодии инсонро чӣ донад. Ба харгӯшакон сиёсати STICK AND CARROT POLICY маъқул аст, дар як даст дарраву дар дасти дигар барги караму сабзӣ. Миллати ғуломсифат ҳеҷ вақт хоҷа шуда наметавонад. Хӯе, ки бо шир ба тан даромад, бо ҷон барояд! Ин маталро фақат мо тоҷикон дорем, дигар халқҳои мутамаддун шояд надошта бошанд.
Посух додан
  • сорбон

  • 11 октябр 2013 10:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
точикон мардуми яктопарастанд. ЯК ХУДО, ЯК НОМЗАД ба президенти..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сорбон,
Мо, тоҷикон, на фақат яктопараст, балки мардуми тарсу ва зулмпараст низ ҳастем. Ҳар қадар моро бизананду бикушанд, ҳамон қадар бо сари хам хомӯш менишинем. Ба хости Худо, тақдиру насиб вогузор мекунем. Решаҳои ин тарсуи ва беҷуръатӣ ба замонҳои ҷорӣ шудани дини ислом меравад. Аз он замон 1400 сол гузашт, вале ҳамоно моро натанҳо аҷнабиҳо, балки худиҳо низ истисмор мекунанд, мавриди масхара қарор медиҳанд, фиребамон мекунанд.... Мо ҳамоно хомӯшему хомӯш.... Аз камсаводӣ! Аз гурехтан аз илму донишандӯзӣ! Аз таассуби зиёд бар дину итоат бар ашхоси воломақом. Ин хӯи бад дар гузашта ҳам будааст, ки шоир маҷбур шуда ин мисраҳоро офаридааст: ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ; ВА БА ҲАМА БАД БАР ТАНИ ТУ ҶАВШАН АСТ! Маълум мешавад, ки мо 1400 сол боз тағйир наёфтаем. Вой бар ҳолат, тоҷик!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!