Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:20

Оғози "облава" дар остонаи интихобот ба рейтинги Э.Раҳмон зарба намезанад?

12 октябр 2013, 08:04

Бахтиёр Бозоров, масъули дафтари матбуотии Вазорати дифоъ:
"Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар асоси қонун ва тибқи фармони раисҷумҳур аз 1-уми октябри соли равон шуруъ гардидааст. Ба хизмати ҳарбӣ ҷавононе даъват мешаванд, ки синну солашон аз 18 то 25 соларо ташкил медиҳад. Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавон қарз аст. Дар сурати саркашӣ намудани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ Вазорати умури дохилӣ муваззаф шудааст, то ин қабил ҷавононро ба хизмат даъват кунад."

Фаридун Умарбек, ҷавон:
"Зарба намезанад, аммо метавонад таъсири манфӣ гузорад. Вақте даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ иҷборан ё ба истилоҳ тариқи «облава» роҳандозӣ мешавад, мардум, нахуст аз ҳукумат дилсард мешаванд, вале ба шахси президент ҳам хоҳ нохоҳ гап мерасад. Вале аз он ки фармони президент дар бораи даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш дар арафаи интихоботи президентӣ рост омадааст, наметавон гуфт, ки мақомот аз шеваи даъват бо усули «облава», ба хотири нигоҳ доштани имиҷи ҳукумат ва президент даст мекашида бошанд. Чун барои иҷрои нақша бешак аз ин роҳи ғайриқонунӣ кор мегиранд. Гузашта аз ин, дар ҳоле ки азми ҳукумат ва зерсохторҳои он барои пирӯзии президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон қатъист, фикр намекунам, ки «облава» барин қазияҳо ба коҳиши имиҷи ӯ дар роҳи пирӯзӣ дар интихобот мусоидат карда тавонад."

Абдулфаттоҳ Шафиев, сокини шаҳри Душанбе:
"Ба назар мерасад, дар кишваре зиндагӣ дорем, ки дигар ҳар иқдоме ба ҳеҷ рейтинге таъсиргузор нест. Рейтинг кайҳо дар дасти мубтакирони иқдомҳост ва дигар дар ин кишвар мутаассифона ба назар мерасад, масъулиятро дар баробари раҳбари худ ҳис мекунанд, на андозсупор. Ҳол он ки масъалаи "облава" бояд бидуни интихобот ҳам набояд ҷой дошта бошад. Намунаи чунин сарбозҷамъориро дар амалиётҳои низомӣ дар дохили кишвар дидем. Бо назардошти воқеиятҳо ва нозукиҳои геополитикӣ оё фурсати лашкари касбӣ нарасидааст? Бояд масъулон сари ин мавзӯъ андеша кунанд. Агар барои онҳое, ки ба лашкар ҷалб мешаванд, имтиёзҳое аз қабили таҳсил дар бахши буҷавӣ бидуни имтиҳони вурудӣ, замин, вомҳои бефоиз ва ғайра ҷорӣ шавад, дигар ниёз ба облава ҳам намемонад. Вале, охир ку дигар гӯши насиҳатшунав?"

Фархунда Шарифова, журналист:
"Ба фикри ман, “облава” дар арафаи интихобот ба рейтинги Эмомалӣ Раҳмон зарбае намезанад. Чунки “облава” барои мо аллакай анъана шудааст ва агар мақомот пеш аз маъракаи интихоботӣ аз "облава" даст мекашиданд ин шубҳаовар менамуд."

Мунира Наджимова, сокини пойтахт:
"Ба андешаи ман “облава” чанд сол боз ҳаст ва давом дорад. Барои ин рейтинги президент паст нашуда буд ва намешавад. Норизоиятӣ дар ин маврид танҳо дар байни он нафароне, ки фарзандонашонро маҷбуран дастгир карда, ба хизмат бурдаанд дида мешавад."

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия:
"Гумон намекунам, ки “облава” ба рейтинги Раҳмон таъсире мерасонад, зеро Раҳмон ба рейтинге ниёз надорад. Он чи бо номи интихобот дар Тоҷикистон мегузарад, танҳо харҷи беҳудаи маблағ аз буҷа аст."


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фира

  • 12 октябр 2013 08:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хукумати кунуни ва ба ЧО ин чизхо як чизи назарногир аст ,чунки ин интихоботи дар пеш истодаро дигар интихобот хисобиданхам мумкин нест .. ЧО метавонат аз холо голибияти худро эълон намояду халкро бехуда саргардон накунад чунки ракиби асосиашро коре карда аз сабкати президенти берун кардан дигар хизбхоро хам хизб наноми хам мешавад чунки хамаи он баро ба чашми мардум хок пошидананд хамахаш лаганбардоран ...
Посух додан
  • Облава

  • 12 октябр 2013 09:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чой доштани хамин "облава", ки гайриконуни аст, аллакай имичи давлату хукуматро ба поин мебарад, зеро дар давлате, ки лофи демократи мезанад, набояд инчури хукукпоймолкунихо чой дошта бошад. Аммо тарозуи рейтингсанчи дар дасти хукумати феълист, хар гахе хохад бо роххои дуругу такаллуби имичашро назди худиву бегона баланд нишон медихад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хама маълум аст.... Ба фикам айни замон медонанд, ки Рахмонов 98,99% овоз мегирад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шахсан ман худам хизмат рафтан намехохам, чунки шароит нест, бисйори чавонхо аз заданаш наметарсанд шахсан ман барои заданаш не барои он намеравам ки шиками гурусна либосхои гарм наметан да хнки ба шиками гурусна касали мешави.
Посух додан
  • Мурод

  • 12 октябр 2013 21:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ТЧК хама чи мачбури аст.
Посух додан
  • tojik

  • 13 октябр 2013 01:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hama sharoit xub shudaast-rafta xizmat kuned ablavaton nakunand.charo soldathoi raftagi shumoro himoya mekunadu shumo ne?
Посух додан
  • т

  • 13 октябр 2013 12:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хизмати харби дар шароити имруза бисёр вазнин хаст дар як оила агар хозир 2-3 нафар кор накунад оиларо таъмин карда наметавонад. Аз хамин хисоб хеч кас намехохад 2 сол бехуда гузарад. Дар ин шароит 1 сол кунанд Хизмати харбиро бас аст. Баъд мардуми мо аз дур гапзану аз пеш тарсончак шидагиян. Хеч кас хакки облава надорад. Мумкин ки аму ба таври облава туро мебаранд ягон рохзан бошанд. Худатро хаммавакт химоят кун. Зурат нарасид ба санг зан.
Посух додан
  • man

  • 13 октябр 2013 18:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И бечорахои точик, да вакти гурехтан аз аблаваям шукронаи чаноби оли гуфта медаванl.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!