Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:37

Эмомалӣ Раҳмон дар Чоркуҳ низ "лентабурӣ" мекунад

12 октябр 2013, 09:04

Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури кишвар, ки бо як сафар ба шимоли кишвар рафт, нахуст аз ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара дидан кард.

Сомонаи расмии президент навиштааст, ки зимни боздид аз ин ҷамоатҳо, Эмомалӣ Раҳмон як мактаб барои 720 хонанда, 2 варзишгоҳ бо толорҳои варзишӣ, як корхонаи коркарди мева ва 2 коргоҳи дӯзандагиро мавриди истифода қарор медиҳад. Ҳамзамон президенти кишвар аз чанд хоҷагии деҳқонӣ ҳам дидан карда, бо кори кишоварзони ноҳия шинос мешавад.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон иншооти зиёди дигарро дар маркази шаҳри Исфара, аз ҷумла варзишгоҳи марказии онро, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст аст, як корхонаи коркарди меваи хушк, 2 маркази хизматрасонӣ, коргоҳҳои дӯхти либос ва пойафзол ва филиали “Тоҷиксодиротбонк”-ро ифтитоҳ мекунад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара дар ҳолест, ки як моҳ қабл ӯ ба вилояти Суғд сафарӣ корӣ дошт ва аз ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Масчоҳ, Ашт ва шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов боздид анҷом дода буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 12 октябр 2013 09:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хамаро як тараф монеду аз Бобоназарова, Кабири ва Зойиров чи гапу хабар?? "Озодагон" илтимос дар ин бора ягон чи нависед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Ҷаноби ИКС

ДАР УРФИЯТ МЕГУЯНД, КИ ДАВИДАНИ ГУСОЛА ТО КАҲДОН. КАБИРӢ, ЗОИРОВ ВА БОБОНАЗАРОВА ҲАТТО ОВОЗИ ЗАРУРИРО ҶАМЪ КАРДА НАТАВОНИСТАНД. ҲУНАР НАДОРЕН ЧИ ВОҲИМАИ ЗИЁД МЕКУНЕНД. МЕБАХШЕДУ БАЪЗЕТОНА ГАПТОН ДАР ХОНАТОН НАМЕГУЗАРАД. АЙБУ ШАРМ ДИГАР НАМОНДАСТ ДАР БАЪЗЕҲО. ТО КАЙ АЗ НОМИ ИСЛОМ ГАП МЕЗАНЕД А? ШУМО КАТИ У ХОҶАҲОИ ХУД ИНШОЛЛОҲ ЯГОН ҶОЙРО ГИРИФТА НАМЕТОНЕД. ОМИН.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!