Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:10

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав: “Вазъият душвор аст”

14 октябр 2013, 12:17

Бархе аз муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, кору зиндагӣ мекунанд, рӯзи 14 октябр аз манзили зисташон берун нарафтаанд. Онҳо мегӯянд, ин шабу рӯз миллатгароёни рус бисёр хашмгинанд ва ҳатман дар қиболи муҳоҷирон аз раҳму шафқат кор нахоҳанд гирифт.

Парвина Иброҳимова, як донишҷӯи тоҷик, ки дар Маскав таҳсил дорад, гуфт, рӯзи душанбе ба донишгоҳ нарафтааст ва тамоми рӯзро ҳам дар манзилаш пушти сар хоҳад кард. Тазоҳуроти сокинони Маскав барои пайдо кардани қотили Егор Шербаков, як ҷавони 25-сола, рӯзи 13 октябр шурӯъ шуд. Тазоҳургарон мегӯянд, қотили Шербаков як муҳоҷири қафқозист ва бинобар ин тамоми муҳоҷирон аз қаламрави Русия берун карда шаванд.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, мегӯяд, ин гирдиҳамоии шаҳрвандони Русия дар ҷаласаи субҳи душанбеи сафорат ҳам баррасӣ шудааст. Оқои Эгамзод дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “ҳоло Хадамоти консулгарии сафорат дақиқ мекунад, ки оё ягон шаҳрванди мо зарар дидааст, ё на. Вазъият душвор аст ва субҳи имрӯз дар ҷаласаи сафорат ҳамин масъала баррасӣ шуд.”

Аммо Муҳаммади Эгамзод дар бораи он ки шаҳрвандони Тоҷикистон оё дар намози Иди Қурбон дар Маскав иштирок хоҳанд кард ва вазъашон чигуна хоҳад буд, гуфт, “гап сари он аст, ки Маскав шаҳри бузург аст. Гирдиҳамоӣ дар байни ҷанубу ғарби қисмати Маскав мегузарад. Аммо мо тамоми шаҳрвандонро огоҳ карда наметавонем, ки барои намозгузорӣ ҷамъ наоянд, чун вазъият вазнин аст. Хоҳему нахоҳем, онҳо барои намоз гузоштан мераванд.”

Ин бори аввал нест, ки миллатгароёни рус бо баргузории тазоҳурот ихроҷи муҳоҷиронро дар миён мегузоранд. Қаблан ҳам чунин гирдиҳамоиҳо бо шиори “Маскав танҳо барои сокинони Маскав” баргузор шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухочир.

  • 14 октябр 2013 12:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи хаел мекнен русхо сохиб надоранд? Бинен.ки дар 9 мох кариб 1000 тобути точика рои карданду президент зикам нашуд боре изхороти норозиги накард.
Посух додан
  • Собир

  • 14 октябр 2013 13:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як руса куштанд, ин кадар шуру валвала! О ун скинхедо садхо мусуомона кушта истодаанд, гапе нест...
Посух додан
  • Чони

  • 14 октябр 2013 15:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хайрон мешавам хамин сафорат чаро дуруг мегуяд? сафорат аз дасташ бало намеояд факат баъди ходиса мурда чамъ мекунад. оё ин хам давлат шуду сафорат?
Посух додан
  • mehrob

  • 16 октябр 2013 22:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афсуус

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!