Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:51

Имомхатиби масҷиди Чоркӯҳ дар бораи боздошти раҳбари дастгоҳи ҲНИТ

17 октябр 2013, 08:51

Хушариф Амаков, имомхатиби масҷиди Хоҷа Устози Валӣ дар ҷамоати Чоркӯҳ, ки номаш бо боздошти Воҳидхон Қосиддинов -- раҳбари дастгоҳи ҲНИТ рӯи забонҳо омад, мегӯяд, намози Иди Қурбонро ҳамагӣ 15 дақиқа дертар шурӯъ кардааст.

“Як каме таъхири мо набояд боиси озурдахотирии намозгузорон мешуд. Чун дар намози ид намояндагони ҳукумати Исфара низ суханронӣ карданд”,-гуфт ӯ дар сӯҳбат бо “Озодагон”. Ин дар ҳолест, ки Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Воҳидхон Қосиддинов, мегӯяд, онҳо дақиқ кардаанд, сархатиби масҷиди Хоҷа Устози Валии ҷамоати Чоркӯҳ намози Иди Қурбонро 47 дақиқа аз вақти муқарраршуда дертар хондааст. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қаблан эълон карда буд, ки намози Иди Қурбон дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар соати ҳафтуними субҳ гузошта шавад.

Хушариф Амаков мегӯяд, бо ин ҳол аз иттифоқе, ки уфтод, сахт мутаассуф аст. “Ман ба ҳайси даъвогар дар ин қазия баромад накардаам. Танҳо бо дархости мақомоти пулис баёнот додаму бас. Аммо, ба ҳар ҳол, дар вақти намоз одоби намзгузорӣ риоя мешуд”,-афзуд ӯ.

Хушариф Амаков мақоми имомхатиби масҷиди Хоҷа Устози Валии Чоркӯҳро ба дунболи баҳси Шӯрои уламо бо хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар масъалаи Ошӯро ба даст овардааст. Сархатиби пешини ин масҷид ба далели ин ки мухолифи қироати матни Шӯрои уламо алайҳи Тӯраҷонзодаҳо баромада буд, аз мақомаш барканор шудааст.

Мақомоти пулиси ноҳияи Исфара Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломиро, баъд аз намози Иди Қурбон боздошт карданд. Онҳо гуфтанд, оқои Қосиддинов бо талаби ин ки сархатиби масҷиди Хоҷа Устози Валии Чоркӯҳ намозро дар вақташ оғоз кунад, тартиботро халалдор намудааст. Додгоҳи Исфара ҳам бо вуҷуди рӯзи таътил будан раиси дастгоҳи ҲНИТ-ро ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кард.

Аммо рӯзи 16 октябр Додситонӣ ва Коллегияи додгоҳи вилояти Суғд Воҳидхон Қосиддиновро “бегуноҳ” эълон карда, қарори боздошти ӯро лағв намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • БМС

  • 17 октябр 2013 09:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Суханхои ширкомезатро, ки "президент сояи Худо аст", "пайгамбари замон" , "наздаш сачда куни мешавад" - ро чаро намегуи, эй муллои дарбори? Точикистон аз дасти ин тоифа косалесон ба ин хол афтодааст!
Посух додан
  • Сохиб

  • 17 октябр 2013 09:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мухтарам Хушраф Амаков вакте Шумо сархатиби хонаи Худо 15 дакикаи вакти пуркиммати мардумро мегиред, дигар чи чойи бахс мемонад ки нафаре одобу ахлокро риоя накард ё дигаре интизоми чамъиятиро вайрон кард. русхо мегуянд "время деньги". даъвои мардум асос дорад ки Шумо вакти онхоро "рабуда"-ед. Окибат ба хайр имонхо ба саломат...
Посух додан
  • Хушдил Муроди

  • 17 октябр 2013 09:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шахри Исфара бояд бошад, на нохияи Исфара
Посух додан
  • Лангари

  • 17 октябр 2013 10:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин муллохои дарбори ва лагандбарлору чоплуси хукумати ва ашрофиён имон надоранд. Хукумат бояд аз ин хел шахсон пархез кунад, чун,ки ин хел нафарони чоплусу лагандбардор хама вакт метавонанд,барои молу сарвати ин дунё ,Ватанро хам фурушанд.
Посух додан
  • Изатуулох

  • 17 октябр 2013 10:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ина бинеде худоё тавба мардумро барои хакашон мучозот мекунанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи агар дер карда бошад ягон конуншиканист магар дар соати хафтуниме, ки шурои уламо фармудаанду хондаанд шумо намепурсед, ки чандин намозгузорон аз хондани намоз махрум шадаанд.?
Бовар кунед ин ШАЙТОНГАРИ то ба кай идома мекарда бошад...
Посух додан
  • Абдулло

  • 17 октябр 2013 15:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э мулло Чаро руятро сиёх мекуни .Зиёда аз 30-дакика таъхир карди.Боз бешармона 15-дакика мегуи.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абдулло,
Масалан агар 50 минут дер кард барои ту чи, ки чи кадар дер кардааст.
Чи магар хар хафтааст ид? ё дар чои намоз гузори айбчуи мекуни?.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хушариф, аз Худо тарс, минбари паёмбар(с) барои ту мансаб нест!
Посух додан
  • ШОКИР

  • 17 октябр 2013 22:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХАЙР ХЕЧ ГАП НЕ СИ ДАКИКА ДАР ХОНАИ ХУДО ИСТДОДАН ЧИ БАДИ ДОРАД ТАЛХАКАФ НАШАВЕД ДАР ДИСКАТЕКА НАБУДАЕД КУ КУ БОЗ МА ФИКР КАРДАМ ДАР ЯГОН ДИСКОКУЛУБ ВАКТОНА ГИРИФТАН КИ ИН КАДАР ДОДУ ВОЙ ДОРЕД.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
масчиду мадрасаву хонакаху хилваткадаро.ин хама чои САГУ ГУРБАВУ ХАР мебинам.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!