Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:09

Вазир: "Садамаи писари Ҳукумов аз рӯи адолат баррасӣ хоҳад шуд"

17 октябр 2013, 11:11

Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори “Озодагон” дар бораи садамаи Расули Амонулло, писари раиси ширкати Роҳи оҳан, ки се кушта бар ҷой гузошт, изҳори назар кард. Оқои Менглиев гуфт, қазияи Расули Амонулло “аз рӯйи адолат баррасӣ шуда, ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид.”

"Албатта, бовар дорам, ҳар чизе ҳам набошад, аз рӯи адолат анҷом меёбад. Ман шубҳа надорам, ки дар ин қазия писари мансабдор будани ӯ таъсир расонад. Ҳамаи корҳо дар доираи қонун ҳал хоҳанд шуд",-афзуд ӯ.

Рустам Менглиев дар бораи он ки оё Расули Амонулло, писари Амонулло Ҳукумов дар ин шабу рӯз чӣ гуна ба Олмон рафтааст, гуфт: “Шояд гурӯҳи тафтишотӣ дар асоси таҳлили ҳуҷҷат барои ӯ чунин иҷозаро дода бошанд”. Вай аз сӯҳбати бештар дар ин замина худдорӣ кард ва гуфт, ҳоло тафтишот идома дорад ва ӯ ҳанӯз бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ошно нашудааст.

Садамаи писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов шаби 9 октябр дар маркази Душанбе иттифоқ афтода, се кушта бар ҷой гузошт. Ҳарчанд дар ин садама писари раиси чойхонаи “Роҳат” ва як пайванди ӯ ҳам ҷон бохтанд, вале ӯ дар як сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки дар ин маврид аз болои Расули Амонулло даъвое надорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ватандор

  • 17 октябр 2013 11:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин дар кучо тарбия ёфтааст, фигураро бинед.
Посух додан
  • muslima

  • 17 октябр 2013 11:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Писарони вазирон ва калонзодагон хечгох чазо намегиранд ба чуз дар пеши парвардигор. Писари раиси геси рогун бо як садама 3ё 4 касро кушт аммо мутаассифона озод аст. Ин хам бошад хечгох ба кардаи худаш чавоб намедихад.
Посух додан
  • А

  • 17 октябр 2013 11:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
.дар германия будани у алакай аз руи конун аст магар?менгалиев дуруг мегуяд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо занад ин хали одамхои беномуса. Камбагал мардум осеб мебинанд, на сарватмандон. Дилам мезузад барои писари Директори Чойхонаи Рохат, чунки писари вай сохиби як духтар ча мебошад

Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар интихоботи президенти конун кор намедихад чи дар бораи писари Хукумовхо кор медихад.?
Посух додан
  • farhod

  • 17 октябр 2013 20:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ачаб мардуми содда будед - дар интихобот тамоми конун вайрон мекунанду шумо бошед аз хукумов конун талаб мекунед
Посух додан
  • sozgor

  • 22 октябр 2013 22:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин вазири мухтарам ба гуфтаи худаш бовар ягон зарра дорад е не?
Посух додан
  • Шахноза

  • 20 феврал 2014 19:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хахаха бади ходиса тез ба мясо комбинат...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!