Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:07

Дерипаска варшикастагии иқтисоди Тоҷикистон ё “ТАЛКО”-ро мехоҳад?

17 октябр 2013, 16:50

Олег Александр, шореҳи рус, бо нашри як матлаб дар "The Moscow Post” мегӯяд, қарори ахири додгоҳи Швейтсария алайҳи корхонаи алюминиюми тоҷик -- “ТАЛКО” сабаби варшикастагии иқтисоди Тоҷикистон хоҳад шуд.

Олег Александр, қарори додгоҳ дар бораи рӯёнидани 275 миллион доллар аз ТАЛКО ба нафъи Hamer Investing Ltd, зерширкати “Русал”-и Русияро шарҳ дода, гуфтааст, ин маблағе, ки бар асоси қарори додгоҳ, корхонаи “ТАЛКО” бояд ба ширкати Олег Дерипаска, соҳиби “Русал”, супорад, 10%-и буҷаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ахиран ширкати зертобеи “Русал” - “Hamer Investing Ltd” дар баҳси арбитражӣ алайҳи “ТАЛКО” дастболо шуд. Ин ширкати русиягӣ иддао кард, ки “ТАЛКО” ду тавофуқномаи додугирифтро вайрон кардааст. Гӯиё сохторҳои ширкати русии “Русал” дар асоси ин тавофуқот ба заводи алюмини тоҷик маводи хом интиқол дода, маблағро нагирифтаанд ва ахиран додгоҳи Швейтсария низ қарор кард, ки аз корхонаи алюмниюми Тоҷикистон, “ТАЛКО” ба нафъи Hamer Investing Ltd, зерширкати “Русал”-и Русия дар ҳаҷми 275 миллион доллар ҷуброн рӯёнда шавад.

Аз сӯи дигар додгоҳ иддаои ТАЛКО-ро барои рӯёнидани 400 миллион доллар аз ширкати русиягӣ рад кардааст. Масъулони ТАЛКО мегӯянд, ният доранд, аз болои ин қарори додгоҳ ба марҳилаҳои болоӣ шикоят баранд. Ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон гӯиё ин тавофуқномаҳо, ки ширкати русиягӣ пеш гузоштааст, дар асоси амалҳои корупсионӣ ба миён омада буданд, яъне Дерипаска бо роҳи “харидорӣ” намудани бархе аз мудирони ширкати алюминиюми тоҷик ин тавофуқномаҳоро ба даст овардааст. Вале ҷониби Тоҷикисон натавонистааст, ин иддаояшро дар додгоҳи Швейтсария исбот кунад.

Бо зикри ин ҳама Олег Александр афзуд, ки Тоҷикистон ба ширкати “Русал” бояд, ин маблағеро, ки даҳ дарсади буҷаи солонаи худро ташкил медиҳаду бо пардохти он ба эҳтимоли зиёд ба ҳолати варшикастагии иқтисодиёт рӯбарӯ мешавад, супорад.

Ин шореҳи рус бо овардани мисолҳои зиёд оид ба аз байнрафтани иқтисодиёти Тоҷикистон дар сурати пардохти ин маблағ, гуфтааст, ки Дерипаска мехоҳад, тариқи фишор аз Тоҷикистон ширкати алюминиюмро харидорӣ намояд. Вале Олег Александр афзудааст, ки Тоҷикистон дар сурати аз даст додани ТАЛКО низ зарбаеро дар иқтисодиёташ эҳсос хоҳад кард. Ба гуфтаи Александр, “Русал” дар соли 2003 низ талоши ба даст овардани қисмати назоратии саҳмияҳои заводи алюминиюми тоҷикро бар ивази қарзи Тоҷикистон аз Русия карда буд. Вале дар он замон, ин ба сарони кишварҳо хуш наомадааст.

Аммо ҳоло ба гуфтаи шореҳи "The Moscow Post”, баъд аз қарори додгоҳи Швейтсария Дерипаска ба таври зурӣ аз Тоҷикистон 274,3 миллион долларо талаб хоҳад кард, албатта, агар мақомоти тоҷик ширкати алюминиюмро дар ихтиёраш нагузоранд.

Александр мегӯяд, аз ин рӯ, бар асоси нақшаҳои "Русал" қаблан ТадАз бояд яке аз қисмати холдинг мешуд, ки дар он инчунин корхонаи гилхокии Николаевский (Украина) ва ширкати бокситдори гвинеягии Societe Bauxite du Kindia дохил мешуданд. Ба хамин тариқ чунин ба назар мерасад, ки Дерипаска "ТАЛКО”-ро ҷиддӣ ба нишон гирифтааст ва мехохад, ки ин сохторро аз Тоҷикистон "фишурда" гирад. Олег Александр инчун эътироф намудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҷониби Тоҷикистон метавонад боз дубора аз болои Дерипаска ба иттиҳоми “харидорӣ” намудани бархе аз мудирони “ТАЛКО” шикоят барад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Окибати 20 соли дар хунукихои сахту сард дар торикии зулмот рузгузарлнии мардуми точик хамин будааст Кучост он хиси милли ва кучост он шарики стротежик ебу гир....
Посух додан
  • Иктисодчи

  • 17 октябр 2013 20:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То вакте ин хукумат хаст боигарии точикистнро русхо горат мекунанд зеро ин хукумиатро онхо ба кудрат расонадданд ва бо рехтани хазорон хуни точик сари кудрат омадааст барои русхо хамин хукумат маъкул аст. чунки хукумат вараисаш худро мадюни русхо медонанд. президенти точикистон аз дасташ хеч чиз наменояд. точик гулом гулом мемонад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!