Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:55

Дар Тоҷикистон 83%-и корбарон аз интернети мобилӣ истифода мекунанд

18 октябр 2013, 10:11

Бар асоси як назарпурсӣ дар Тоҷикистон 83%-и корбарон аз интернети мобилӣ истифода мебурдаанд. Ин назарпурсӣ аз сӯи Маркази таҳқиқотии «Зеркало" анҷом дода шуда, дар он ҳудуди 1450 нафар иштирок кардаанд.

Маркази таҳқиқотии «Зеркало» мегӯяд, сеяки пурсидашудагон гуфтаанд, аз интернет истифода мебаранд. Ба гуфтаи ин марказ, дар Тоҷикистон сину соли ними корбарони интернет аз 25 поин мебошад. Намояндагони ҷинси латиф бошанд, беш аз чоряки шумораи умумиро ташкил медиҳанд.

Пурсиш нишон медиҳад, ки аз ду се ҳиссаи истифодабарандагони интернет кор мекунанд ё донишомӯз мебошанд. Бо ин ҳол 78 дарсади корбарон аз хона вориди интернет шуда, ҳудуди 26% аз ҷойи кор медаромадаанд. Дар таркиби истифодаи манобеъи интернетӣ, қисмати зиёдро шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷустуҷӯи иттилоот ва ахбор (мутаносибан 79 ва 74 дарсад) ташкил медиҳад. Дар навбати дуюм бошад паёмрасон ё худ мессенҷрҳо қарор доранд: м-агент ва скайп 60%, эмейл 49%, тамошои видео ва клипҳо 47%, дарёфти видео 42% ва аз ҳама кам интернетро корбарон барои бозиҳои шабакавӣ истифода мебурдаанд, ки27%-ро ташкил медиҳад.

Маъмултарин брендҳое, ки дар натиҷаи пурсиш маълум гашт, чоргонаи операторони мобилии Тоҷикистон мебошанду ҳам миёни корбарон маъруфият доранд. 80% дарсади корбарон Мегафонро чунин мешуморанд, дар мавриди Вавилон бошад, ин нишодод - 77%, Тселл -76%, Билайн - 73%ро ташкил медиҳад. Бо ин ҳол, аз руйи нишондоди "сифати маълумот", Тселл бо 80% пешсаф ба шумор меравад.

Провайдерони "маъмули"-и интернет аз операторони мобилӣ мағлуб шуда, дар "сархати дуюм" аз руи шинохт қарор доранд. Дар ҷойи аввал ширкати Вавилон бо 68 дарсад қарор дорад. Дар гурӯҳи дуюми провайдерон аз рӯи шинохт Тоҷиктелеком 58%, Интерком 48% ва Телеком Технолоҷӣ 45%-ро ба худ касб кардаанд.

Тавре натоиҷи назарпурсӣ нишон медиҳад, 44%-и корбарони интернет барои ворид шудан ба шабака аз хидматрасонии ширкати “Мегафон” истифода мекардаанд, ки ин нишондод нисбат ба дигар ширкатҳои мобилӣ зиёд аст. Барои мисол “Тселл”-35%, Вавилон-м-26%, Билайн-21%, Бабилон-Т-14,5% мебошад. Аз ҳама кам корбарон аз хидматрасонии шабакаҳои интернетрасони Тоҷиктелеком ва Сатурн истифода мебурдаанд, ки 2,7%-ро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!