Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:34

Ҷадвали бозиҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон

18 октябр 2013, 12:01

Бозиҳои даври 17-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои Лигаи Олӣ рӯзҳои 19-20-уми октябр баргузор мегардад.

Тими “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бо дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба сабқат мебарояд. Бозиро Раҳмон Муртазоев (Душанбе) доварӣ мекунад. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бошад дар сафар бо тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода қувваозмоӣ мекунанд. Насрулло Кабиров, (Норак) сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ин бозиҳо рӯзи 19-уми октябр, баргузор хоҳад шуд.

Ду бозии дигар ин давр рӯзи 20-уми октябр баргузор мегардад. Дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар майдони худ бо тими “Хайр”-и Ваҳдат ба сабқат мебарояд. Ин бозиро Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) доварӣ мекунад. Тими ССКА “Помир”-и Душанбе бо дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа вориди сабқат мешаванд. Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Оғози ҳамаи бозиҳо – соати 15.00

Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот тими “Равшан”-и Кӯлоб бо 33 имтиёз дар садри ҷадвал нишастаат. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо 30 имтиёз мақоми дуюмро касб кардааст. “Хайр”-и Ваҳдат бо 23 имтиёз дар зинаи сеюм аст.

Нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот инҳоянд: Ҳусейни Сӯҳробӣ (“Хайр”/ ”Истиқлол”) - 9 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) - 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) - 5-тӯбӣ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!