Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:20

Тревор Мур: Дар олимпиадаи Лондон-2012 аз тими Тоҷикистон мухлисӣ мекунем

30 июл 2011, 05:11

Тревор Мур, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Маликшо Неъматов, ҳамчунин гурӯҳи варзишгарони тоҷикро, ки  барои ширкат дар  Олимпиада-2012, дар Лондон омодагӣ мегиранд, пазироӣ намуд.


Ин ҷамъомад барои ҷашнгирии Олимпиадаи Лондон, ки расо як сол баъд оғоз мегардад, бахшида шуда буд. Дар  қатори меҳмонон Дилшод Назаров, гурзпартои машҳури тоҷик, ки аллакай  роҳхатро барои  ширкат дар мусобиқаҳои Лондон дар даст дорад низ ҳузур дошт. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин мақомоти дипломатӣ иттилоъ доданд, зимни нишаст, ҳамчунин варзишгароне, ки дар намуди бокс, камонварӣ, гӯштини  дзюдо ва тарзи озод  зӯрозмоӣ менамоянд, низ ширкат доштанд.

Тревор Мур ҳангоми суханронӣ таъкид намуд, ки «британиягиҳо омодаанд ҳамаи  онҳоеро, ки ба Британияи Кабир ташриф меоранд, гарму ҷӯшон пазироӣ намоянд». Ӯ ҳамчунон қайд намуд, ки аз рӯи нақша омодагӣ барои сохтмони иншоотҳои нав  хуб сурат мегирад. Сафорати Британияи Кабир бо Кумитаи Олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки ба сафари Лондон омодагӣ доранд, тайёр аст ҳамкорӣ намояд. «Мо дар сафорат ҳам тими  Британия, ва ҳамчунон мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳем кард»,   гуфт сафир. Дар ҷавоб, М. Неъматов  ба сафири Британияи Кабир ва кормандони сафорат барои пазироии гарму ҷӯшон  изҳори миннатдорӣ намуда,  боварӣ изҳор намуд,  ки варзишгарони тоҷик дар бозиҳои Олимпии соли 2012 ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт. «Ман боварии комил дорам, ки варзишгарони тоҷик аз Лондон бо  медалҳо бар мегарданд», изҳор намуд Неъматов. Ӯ ҳузури имрӯзаи тими Тоҷикистонро дар қароргоҳи сафири Британия ҳамчун “қадами аввал ба  хоки Британия Кабир” дар роҳи сафар ба Лондон талаққи кард. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!