Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:51

Вазорати маориф ноҳияҳои “муғамбир”-ро номбар кард

22 октябр 2013, 09:48

Вазорати маорифи Тоҷикистон ноҳияҳоеро, номбар кард, барои ҷалби кӯдакон ба таҳсили томактабӣ дар қаламравашон тақрибан коре анҷом дода намешавад.

Фатҳиддин Исмонов, муовини вазири маорифи Тоҷикистон, дар ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Вазорати маориф аз фарогирии кӯдакон дар кӯдакистонҳо нигаронӣ намудааст. Исмонов мегӯяд, агарчӣ фарогирии кӯдакон дар кӯдакистонҳо дар вилоятҳо рӯ ба беҳбудӣ оварда бошад ҳам, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки 335 ҳазор кӯдаки синни томактабӣ ба воя мерасад, танҳо 5 887 нафар кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ ҷалб шудаанд, ки ин 1,7 %-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи муовини вазир, санҷиш ва таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ҷиргатол, Файзобод, Варзоб, Тавилдара ва Нуробод барои бештар фаро гирифтани кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ коре ба сомон расонида нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби бештар кӯдакон ба таҳсили томактабӣ Барномаи махсуси рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016-ро қабул карда буд, аммо иҷрои он ба таври лозима роҳандозӣ нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • беном

  • 22 октябр 2013 10:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Устод тахкики дуруст кардан даркор, дигар нохияхои дурдасти Точикистон низ чунин проблема доранд...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вой бар холи мардуми точик ин муовини вазир холо биниашро нагз тоза карда наметавонаду боз ба тахлили мардум кор гирифтай

бароичи ин хел одамхоро вазифаи мухими давлатида таъъин менанд ай кучо баъд дар мактавхо тарбияву саводноки мешава бо ин хнх вазирону муовинон
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро аз нохияи Турсунзода ном намебаред? Гумон мекунед, ки хамаш сад дар он чо. Тахсилоти томактаби он тараф истад дар баъзе мактабхо аз набудани синфхона мактаб дар 3 баст амал мекунад. Ин аст мушкилот. Богчахо набошад хам волидайн ва бибихо ба ин кор машгуланд. Дар бораи ин гуна масъалахо нависед чанобон журналистон.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!