Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:37

Нигаронии Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон аз "пулҷамъкунӣ"-и муаллимон

22 октябр 2013, 10:27

Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон мехоҳад, аз болои мудирони макотиби миёнаи кишвараш ба Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) шикоят барад.

Ин ниҳод мудирони макотиби кишварашро ба беасос ҷамъоварии маблағ ва тамаъҷӯӣ аз донишомӯзони қазоқ муттаҳам менамояд. Ба гуфтаи Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон, вақтҳои охир шумораи шикояткунандагон аз ин раванд афзоиш ёфта, ҳатто худи муаллимон низ борҳо аз ин "фармоиш"-и мудирон нигаронӣ намудаанд.

Ҳуқушиносони ин иттиҳод мегӯянд, ҳоло дар системаи маорифи вилояти Алма-Атои Қазоқистон як гуруҳи созмон ёфтае дар ин ҷода фаъолият дорад, ки муташаккил аз мудирони макотиб, масъулони вазорати маориф ва кормандони мақомоти қудратии қазоқ мебошад.

Инчунин иттиҳоди мазкур аз Кумитаи амнияти Қазоқистон даъват кардааст, то ба ин қазия таваҷҷуҳи хосса диҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мактабхон

  • 22 октябр 2013 11:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кош мардуми кишвари мо точикистон низ ба акл меомаду порахурии мактабхову омузишгоххоро ба махкамаи бо адолат мекащид. Бехудаву бо дурургу фиреб барои рузи таваллуди муаллим, барои рузи муалим, барои рузи ид, рузи 23 феврал, рузи 8-март, барои теразаву дари мактаб, барои фонди мактаб, барои зимистону ......... аз мактабхонхо пули талаб мекунанд ва сабаби чандин бадбахтию дур шудани талабахо ва касалихои равони дар миёни онхо шудааст ку додрасе ки ба доди ин мардуми бечора расад??????????
Посух додан
  • Донишчу

  • 22 октябр 2013 11:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гуё, ки барои мардуми Точик ин як ходисаи хайратовар бошад. Бо боварии комил мегуям ки аз хама фасодзадатарин, ин давлати Точикистон аст, ягон мактабе ё донишгоху донишкадае нест ки ба порагири даст назада бошанд. Бовар кунед дар мактабхои мо асосан ба пушидани либос, ва дар корхои чамъияти иштирок доштани донишчуён, ахамият дода мешаваду халос. Ба раванди таълим ягон нафар назорат намебаранд. Хондан дар мактабхои мо дуруг аст. Касоне, ки меххонанд бояд худаш аз болои худаш кор кунад ба умеди маориф накунед!
Посух додан
  • Расул Гамзатов

  • 22 октябр 2013 16:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз Точикистон кай сар мешуда бошад? рости безорам шидем ай пул тии ба муалимора, пули мохона нафаре 15 сомон, пули журнал китоб пули краска. пули ремонт, пули рузи муаллимон, пули день рожденияи муаллим пули зану кудаки муаллим пули хамаш аз кисамон, малум мешава ки мо отаи хамаи кудакои точикистонем, охи уно бо пули мо калон шидестан ку. Озодагон озод боши чоп кн
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Донишчу,
Рост мегӯӣ, донишҷӯ.
Мо, падару модарон ҳам аз ин пулситонии БАЪЗЕ муаллимон ба дод омадаем. Айнан рафтори рэкетҳоро мекунанд. Писари ман талабаи синфи ибтидоии яке аз, ба ном, литсейҳои маркази Душанбе мебошад. Дар назди "Садбарг". Порсол пули солонааш 100 доллар буд, имсол 600 сомонӣ шудааст. Синфҳои болоӣ 700 сомонӣ месупоранд. Бо доштани 1400 талаба, ин мактаб танҳо аз волидайн аз 800 то 900 ҳазор (қариб 1 млн.!) сомонӣ даромад дорад. Агар ин маблағро тахминан ба 50 нафар муаллим ва коргари техникӣ тақсим кунем, маоши моҳонаи ҳар яки онҳо 1300 сомонӣ бештарро ташкил мекунад. Ба ғайр аз, ин мактаб, шояд, аз буҷаи давлат низ маблағгузорӣ мешавад. Якҷоя маблағи ҳангуфте ба миён меояд. Вале, бо вуҷуди ин, муллимаи синф ҳамеша гила мекунад, ки 400 сомонӣ маош дораду намедонад, он пулҳои волидайн куҷо мешаванд. "Калонҳо обу лой мекардаанд". Рӯзи муаллимон 20-30 сомонӣ пул ҷамъ кард. Акнун "дари пластикӣ мешинонам", гӯён, 50 сомонӣ пул ҷамъ карда истодааст. Пас аз ин тирезаҳои пластикӣ даркор мешавад...... Ягон эътироз баён кунӣ, кӯдакро бад мегирад. Беасос сарзаниш мекунад, таваҷҷӯҳ накарда, ба канор мегузорад. Кӯдакҳо гаравгони педагогҳо шудаанд! Аз тарси ин ҳама хомӯш!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!