Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:32

“Döwlet guşy”. Романе дар бораи падари президент

22 октябр 2013, 11:33

“Döwlet guşy” ё “Парандаи бахт”, асари нави Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон муаррифӣ шуд.

Расми муаррифии ин роман дар маркази маъмурии вилояти Дашогуз сурат пазируфтааст. “Парандаи бахт” дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Маликгулӣ Бердимуҳаммадов, падари президенти Туркманистон нақл мекунад.

Дар асар зиндагии овони тифлии Маликгулӣ тасвир шудааст, ки баъди ба ҷанг рафтани падараш – Бердимуҳаммад Аннаев бори гарони пешбурди зиндагиро бар душ мегирад.

Дар пешгуфтори китоб навишта шудааст, ки муаллиф ҳанӯз дар кӯдакӣ ба навиштани он оғоз карда, давоми умраш онро иншо кардааст. “Дар хурдӣ ӯ нақлҳои падарашро дар бораи ҳаёт ва рӯзгораш менавишт”,-навиштааст TDH.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точик

  • 22 октябр 2013 11:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин президентхо дуруг мегуянд. Китоб он тараф истад ду варак иншо навишта наметавонанд. Он чизе ки аз номашон чоп мешавад, чоплусхои хокзан менависанд ки худи президентхо хатто ин навиштахоро намехонанд. Зеро медонанд ки хаммааш дуруг аст. Дар вакташ аз номи Брежнев китобхои зиеде навишта шуданд ки хаммааш барои носфурушхо хамчу когаз истифода мешуданд. Имруз дигар носфурушхо покетхои киленкагида нос мефурушанд намедонам ин китобхо ба ки дар кор мешуда бошад?? Хайфи пули сарфшуда. Хаммаи президнтхои Осиеи Миенаро дар назар дорам. Пеш аз хамма Президенти Точикистонро.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!