Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:16

Халил Қаюмзод: “Маскаве, ки мешинохтам, дигар аст” (Блог)

22 октябр 2013, 11:34

Халил ҚАЮМЗОД

Мумкин аст, ин навиштаро як навъ носталжи, хотира ва ё қиёскунӣ номид.

Ҳанӯз дар даврони кӯдакӣ бо аҳли хонавода чанд муддат дар Маскав зиндагӣ кардем. Ман ҳанӯз синфи якумро тамом накарда, ба пойтахти Русия рафтем ва дар он ҷо натавонистам ба таҳсил идома диҳам. Вале дар хона дарс мехондам. Баъзе ҳуҷҷатҳо барои дохил шудани ман ба мактаб лозим буд, ки онҳоро надоштам.

Аввали солҳои навадуми асри гузашта буд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия. Дӯсти аввалини руси ман Костя шуд. Ӯ дар ҳамсоягӣ бо мо мезист. Баъзан ӯ ба хонаи мо меомаду баъзан ман бо хонаи онҳо мерафтам. Бозӣ мекардем, дендибозӣ. То ҳол намедонам номи пурраи ӯ чӣ тавр аст. Шояд Константин бошад. Мо самимӣ дӯстӣ мекардем, на расмӣ.

Як рӯз, вақте бо Костя дар майдони пеши хона футболбозӣ мекардем, калонсолон омаданду хоҳиш карданд, ки майдонро холӣ намоем. Онҳо аз ман пурсиданд, ки ҳаводори тими куҷо ҳастам? Ман ҳайрон будам, ки чӣ ҷавоб диҳам. Дубора пурсиданд, ки тарафдори тими мунтахаби футболи Русия ҳастӣ, ё Аргентина? Гуфтам, тарафдори Аргентина. Онҳо ханда карданду гуфтанд, ки дуруст, Аргентина дар футболбозӣ қавитар аст. Аммо барои чӣ бошад, ки дар бобати хоккей напурсиданд. Чун Русия дар хоккейбозӣ қавӣ аст ва футбол чандон бозии русӣ нест, чун иқлими Русия дигар аст.

Ману Костя тақрибан ними Маскавро тай намудем. Касе аз ман хавотир намешуд. Ҳатто он замон телефонҳои мобилӣ ҳам набуданд. Ҳама дар хона бовар доштанд, ки ман ба хона тансиҳату солим бармегардам.

Костя палаву шарбати хонагии моро дӯст медошт, ман карамшӯрбои онҳоро...

Ман Маскавро ёд дорам, Маскави меҳрубон ва аммо... чиркинро. Ҳама гирду атрофи шаҳр пур аз пораҳои нону партовҳо буданд. Ёд дорам, чӣ тавр мо дар назди дарё бозӣ мекардем. Дар он ҷо ҷавонон хушҳолӣ мекарданду занону мардони пир якдигарро оғӯш кашида, дар харакҳо менишастанд.
Вақте мо ба Ватан баргаштанӣ шудем, ёд дорам, чӣ тавр зор-зор ҳамсоягони мо мегиристанд. Ин як саҳнаи хеле самимӣ ва дилнишин буд.

Калон шудам, дубора ба Маскав рафтам. То он дам ҳам ба Маскав мерафтам, аммо барои ду-се рӯз ва ё аз ин ҳам камтар. Ҳар саҳар, пеш аз он ки ба кор равам, медидам, чӣ гуна ҳаммилатони ман кӯчаҳоро рӯбучин карда, аз ифлосӣ тоза мекарданд. Ин дафъа ҳам дар наздикии дарё мезистам. Назди дарёи “Маскав”. Ҳар бегоҳ берун мебаромадаму назди он дарё менишастам ва гоҳо дониста он ҷо чанд боқимондаи сигорро ба қуттиҳо мепартофтам. Ва саҳар он ҷо тоза мешуд, мисли дирӯз. Он ҷо ҳаммилатони худамро дидам, ки кӯчаву хиёбонҳои Русияро тоза мекарданд. Аммо Маскав мисле, ки худаш набуд. Мардумаш бадқаҳр, бадрафтор, худи шаҳр пурсадову асабонӣ менамуд.

Ҳамчунин, онҷо ман ҳаммилатонамро дидам, ки ба эҷодкорӣ, илм, тиҷорат ва сиёсат машғул буданд. Ёд дорам, чӣ тавр солгарди шоири тоҷик, Мӯъмин Қаноатро дар Хонаи Миллатҳои шаҳри Маскав ҷашн гирифтем. Ёд дорам, сарояндагони тоҷикро, ки бо барномаҳои консертӣ ба Маскав меомаданд.

Аммо Маскав дигар шудааст. Ҳар рӯз ҳаммилатони ман дар он ҷо бо мушкилу беҳуқуқӣ рӯбарӯ мешаванд. Маскави меҳрубон ба ман хиёнат кард? Куҷоӣ, Маскави меҳрубони ман? Ман Маскави кунуниро намешиносам...


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Абдуллох

  • 22 октябр 2013 12:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои шумобаринхо Ватан хайф аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маскав ҳамеша шаҳри миллатгаро ва шовинистон буд. Он авоми кӯдакии ту онҷо истисно будааст. "Аз кишвари ҷангзада омадаст,"- гӯён, он вақт шуморо раҳм карданд.
Дуввум инки, Маскав беҳад шаҳри калон аст, 10-11 млн. аҳолӣ дорад. Дар масоҳат нисфи Тоҷикистон барин аст. Шумо, ду тифли хурдсол, наметавонистед "ними Маскавро сайру гашт кунеду калонҳо аз ин дар ташвиш набошанд". Муболиға ҳам ҳадду канор дорад!
Ба давлати бегонагон набояд ҳавас кард. Мо бояд шаҳрҳои худамонро чунон зебову нозанин бикунем, ки дигар шаҳрҳои дунё дар муқоиса моро дар ҳайрат нагузоранд. Метавонем????? Ҳар кас дар мамлакати худ шоҳ аст.
Посух додан
  • Рустам

  • 22 октябр 2013 15:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар боз ба Маскави мехрубонат рави ин даф ба мехрубони кабулат кунанд боз Маскавчони мехрубон меномиш?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Халил, бас кун сафсатанависиро. Лоакал мисли падарат навис. навиштахои ту на ба дар рост меоянду на ба девор.
Посух додан
  • Ahmad

  • 23 октябр 2013 07:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин мард ҳақиқатро гyфтаст шyмо бошед мисли канаҳо ба y часпидед. Тавсифи бисёр дуруст, русҳо имруз мисли русҳои соли 91 нестандy ғайри русро ба чашми бад нигоҳ мекунанд. Тоҷики мо ҳам Тоҷики соли 90 нест, Тоҷик кучаруб тувалет руз ва дар назди миллати руст беқадр шyдаст. Ба фикри ман ин ҳама беқадриҳо беҳyрматиҳо аз дасти худамон аст. То кай русҳо моро мехуронанд, 2 миллион Тоҷик. Ҳар ҷое як миллат зиод шyдан ҳатман бетартиби мешавад ва беҳурмати ҳам нисбатеш мешавад. Ватанро бояд сохт, зебо кард, ана бад русо моро мисли кидакииин мард еҳтиром хоҳанд кард.
Посух додан
  • Shakh

  • 23 октябр 2013 12:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хар як иттилоъ ё навиштае, ки ба хонанда пешниход мегардад, бояд як хадафе дошта, паёми наверо ба хонанда расонад. Ин навиштаи Каюмзод аз харду ин чузъ холист. Нафахмидам у бо ин "асараш" точиконро бо маскав шинос кардани буд ё носталжии худро эълом дошт. Ба хар хол фикр мекунам "интеллект" ва "талант" харду бо Каюмзод кахри хастанд.
Посух додан
  • Душанбе

  • 15 июл 2014 10:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як чахон ташаккур, мухтарам Абдухалил! Кайхо ният доштам дар хамин мавзуъ, яъне хотирахои хеш оид ба "иклими" Русияи пештара ва хозира, сахми точикистониени имрузаи мукими Ватан ва мукими Русия дар баркарор кардани мухити нарми Русияи собик хотирахои худро иброз намоям. Сад дар сад бо максади шумо рочеъ ба чопи маводи мазкур хамраъ хастам, мавзуъро хамчун мавзуи хеле мухими тарбияви дастгири мекунам. Умуман, чанд мухлатест, ки маводхои чопии ба мавзуъхои хеле мухими тарбияи механпарасти бахшидаатонро, ки бо забони равони гайрирасмию дар фазои лирики иброз мешаванд, интизор мешавам. Ба шумо тандурустию барори кор орзу менамоеям.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хона қашанг аст, вале хонаи мо нест,
Ин хок чи зебост, вале хоки ватан нест.
Он кишвари нав, он ватани донишу фарҳанг,
Ҳаргиз ба дил ангези, точикистони кухан нест.


(катар ислохот дароварда шуд)
Боки худат фикр кун Халил!!!!!!!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!