Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:09

Ситоди Бобоназарова 202 ҳазор имзои ҷамъшударо месӯзонад

22 октябр 2013, 12:01

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова тасмим гирифтааст, рӯйхати 202 ҳазор имзоеро, ки ба тарафдории номзади ислоҳотхоҳон ҷамъоварӣ шуда, вале ба Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод нашудааст, бисӯзонад.

Дар ин бора Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва раҳбари ситоди интихоботии Бобоназарова, хабар дод ва гуфт, дар сурати ба дасти мақомот расидани ин феҳрист эҳтимоли мавриди таъқиб қарор гирифтани тарафдоронашон вуҷуд дорад. “Айни замон мо ин имзоҳоро дар ҷое маҳфуз нигоҳ медорем. Баъдан, ҳайатеро барои сӯзондани ин имзоҳо ташкил карда, ҳамаи ин имзоҳоро месӯзонем. Ба касе онҳоро нахоҳем дод”,-афзуд оқои Ҳайит.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шомили онанд, дар моҳи сентябр Ойниҳол Бобоназароваро номзади ягонаи худ дар интихоботи президентии 6 ноябр эълон карданд. Қарор буд, хонум Бобоназарова бо ҷамъоварии 210 ҳазор имзо расман вориди сабқат шуда, барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ мубориза барад. Вале ситоди интихоботии ӯ рӯзи 11 октябр эълон кард, 210 ҳазор имзое, ки Кумисюни марказии интихобот таъин кардааст, натавонист ҷамъоврӣ намояд ва аз ин рӯ аз сабқат берун шудааст. Онҳо гуфтанд, ба тарафдории Бобоназарова 202 ҳазор имзо ҷамъ шудааст.

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, мегӯяд, аксари онҳое, ки ба тарафдории Бобоназарова имзо гузоштаанд, аз онҳо хостаанд то рӯйхати имзоҳо ба дасти мақомот нарасад. Ба гуфтаи ӯ, "тибқи Протоколи 32-20, ки натиҷаи як ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон аст, то ҳол мақомот дар ҷустуҷӯи рӯйхати нафаронеанд, ки ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова имзо гузоштаанд".

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шаш номзад ба мақоми президентиро сабтином кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, яке аз онҳост. Ҳоло ин номзадҳо ва афроди боътимодашон машғули тарғибу таблиғи барномаҳои қаблазинтихоботии худ дар минтақаҳои кишваранд. Аммо ахиран Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч бо нашри гузорише аз фазои пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон интиқод кард. Ин созмон гуфт, номзадҳое, ки ҳоло ба ҳайси рақиби оқои Раҳмон вориди интихоб шудаанд, на рақиб, балки пуштибонҳои сиёсати ӯянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Nilu

  • 22 октябр 2013 12:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hai nasud nasud zik nasav
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба любой чиз касам мехурам, ки хамино 100 хазор имзо надоранд. Э Хайит когазхои холира насузон!!!
Посух додан
  • Абдуллох

  • 22 октябр 2013 12:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э хайрият хамин протоколи 32-20 будааст набошад шумо нахзатихо чи тема меодштен дига?????
Охир ин протокола чанд сол гузашт ниужели хамин хукумат то хамин дарача пешбини кардааст, ки "тибқи Протоколи 32-20, ки натиҷаи як ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон аст, то ҳол мақомот дар ҷустуҷӯи рӯйхати нафаронеанд, ки ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова имзо гузоштаанд".
айбаст бадгуии.. тухмат ва г.
Посух додан
  • Ахлидин

  • 22 октябр 2013 13:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин гайрат кардед. 10 литр бензин гиреду дигар талхакафхо хамрохи имзохо худро хам оташ занед. Аз аввал пешниходи номзад хато буд, зеро шумо aвторитет надоред дигар!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вокеан ХНИТ карори дуруст кабул кардааст. Хозир аз ин хукумат хама чизро интизор шуданаш мумкин аст.
Вале дар масъалаи интихобот ман таклиф мекунам, ки ИНИТ онро байкот накунад ва тарафдоронашро эълон кунад, ки ба тарафдории намояндаи хизби коммунист овоз дихад. Барномаи ин хизб нисбат ба дигар хизбхо вокеитар аст ва бовари хаст, ки дар сурати пирузу хизби коммунист вазъи иктисоди ва сиёсии кишварро бехтар хохад кард/
Вале дар сурати рох додани хизби хоким ба конуншиканихои зиёд баъди интихобот хизби коммуникст хам ба як хизби влкеан мухолиф табдил хохад ёфт
Посух додан
  • said

  • 22 октябр 2013 13:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
rosti megan ki BITARS AZ ONKASE KI AZ aLLOH NAMETARSAD in gap durustay va boyadha chunin shavad in kogazho chandek inaboshad
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба хама! Ин Мухамадалии Хайита калаш кор мекарда боша ё неее??? Аку дига хукумат кор надораву ай думби хаму 202 хазор имзои чамъкардагии шумо мегарда, ки ку ки имзо кардай да чазош бтем. Як гапое мезана и бародар, ки гуё хукумат гайри имзоковии шумо дигар кор надошта боша!!! Фикр мекнан, ки анка опозиционери бакувватан. Айбай хами хели гапора задан, тем более дар пресса!!!
Посух додан
  • А

  • 22 октябр 2013 13:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мефахмем,ки барои мухолифин бисер мушкил аст вале акибнишиниву фирор бар зарар аст.барои чи бойкот намекунед?
Посух додан
  • FIKR

  • 22 октябр 2013 13:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА ОВОЗИ БАЛАНД АГИТАҚИЯ МЕБАРЕД КИ БОЯД ХАР ЯК НАФАРИ ШАХРВАНДИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ ИМЗОИ ХУД КАДРДОНИ КУНАД,ХОЛО МЕБИНЕМ БАРОИ ИН БОБОНАЗАРОВА ва ОДАМОНАШ ИМЗОИ ТАРАФДОРОНАШ ХЕЧ КАДРЕ НАДОШАТААНД.
Посух додан
  • кулоби

  • 22 октябр 2013 13:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Интихобкунанда,
Ту ба гуфти худат ба лубой чиз касам нахур ба Холики Якто касам хур ки хукумат хама кораш аз руи фишор аст дуруст мешавад.Аксари одамхои ки рафторхои гайриинсони мекунанд Аллохро намедонанд барои хамин ягон чиз рохи онхоро намегирад на имон на виждон азобашон намедихад. Барои хамин як муддат дар ин дунье дар "кор"-хои худ муваффак мешаванд вале дар охират хору залил мегарданд.
Посух додан
  • интихобкунанда

  • 22 октябр 2013 14:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар вакти оташсузи аз эхтиёт кор бигиред коидахои бехатарии аз оташро риоя кунед. Хубтараш ба ягон чойе мурочиат кунед ки барои нест кардани баъзе чизхо оташдонхои махсус доранд. Мабодо аловдаргирон ришашро насузонад
Посух додан
  • давлат

  • 22 октябр 2013 15:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародар абдуллох чаро инкадар бе инсофедин кадар зулму фишори ин хукуматро нодиди мегиред магар кури ки дар пешат гураст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сузондани имзохо барои миллат ягон кори нав нест ва махсусан аз чониби ХНИТ. Шумо аслан хонахои мардумро сузондед, баччахои мардумро паррондед, мурдахои мардумро гариб кардед, аммо имруз парвое надоред. Пас сузондани имзохо ягон хабари дахшатбор ё хавфбарангез нест. Бояд хар як нафар бидонад, ки имруз имзояш бисузад, фардо хаёташ месузад..
Ман пештар хам гуфта будам инхо факат дарди саранд, дигар хеч!
Посух додан
  • Хуррам

  • 22 октябр 2013 17:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайт ман ба ч,ои ту мешудам шарм медоштам. Зеро ту яке аз ровиёни "телевизиони мардуми"-и соли 1992 будию хуни садхо бегунох дар гарданат. Имзои набударо чи хел месузони? Рафторатон ба хукумати РАХМОН маколи зерини халкиро ба хотир меорад." Душманат гап наёфт мегуяд, ки думи сагат кач".
Посух додан
  • дилором

  • 22 октябр 2013 18:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Метарсанд, ки оянда агар кову шур шавад, дуруг будани 202 хазор мебарояд.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!