Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:57

Адвокати "мулло": Ишқварзӣ бо хоҳиши ду тараф сурат гирифтааст

23 октябр 2013, 18:54

Мавлудҷон Салихов -- вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”, рӯзи 23 октябр дар як суҳбати видеоӣ бо “Озодагон” баъзе аз ҷузъиёти парвандаи нафари таҳти ҳимояташро ошкор кард. Оқои Салихов гуфт, ишқварзии Асадулло Иброҳимов бо Зулола Раҳимова на аз роҳи зӯрӣ, ҳамон тавре мақомот мегӯянд, балки бо хоҳиши ду тараф ба миён омадааст.

“Аз нигоҳи шариату ахлоқ, бале, нафари таҳти ҳимояти мо гуноҳ кардааст. Аммо аз нигоҳи қонунҳои Тоҷикистон ин ҷиноят нест ва ҷавобгарӣ надорад”,-афзуд ӯ. Ин вакили мудофеъ дар идома гуфт, Зулола Раҳимова ҳафт бор барои дуохонӣ ба назди Асадулло Иброҳимов, “муллои табиб”, омада, видеое, ки ишқварзии онҳо сабт ёфтааст, дар дафъаи шашум тавассути “Айфон” ва ҳадафмандона ба навор гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, хонум Раҳимова ҳар бори ба назди Асадулло Иброҳимов омаданаш аз надоштани ҳамсар шиква карда, мегуфтааст, мехоҳад бо нафаре оиладор шавад.

“Зерҳимояи мо дар навбати худ гуфтааст, ӯ метавонад Зулола Раҳимоваро ба ҳамсарӣ қабул кунад. Аммо баъдан бародаронаш ӯро аз ин роҳ мегардонанд, чун Асадулло ҳашт фарзанд дорад”,-гуфт ӯ.

Мурофиаи додгоҳии Асадулло Иброҳимов рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуда, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо зане, ки аз ӯ Зулола Раҳимова нмо бурда мешавад, амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ ба намоиш баромад ва дар як вақт ба шабакаи ҷаҳонии Ютюб ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист.

ВИДЕО БА ЗУДӢ ГУЗОШТА МЕШАВАД

Дар акс: Мавлудҷон Салихов


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Mullo

  • 23 октябр 2013 19:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Rost mega i mardak, agar mo gunoh kunem, dvijenie kunem dar injo Aybi Mulloho va Islom nest, zeroki xudi imoni mo zaif ast. Az baski dar Jumhurii mo Konuni Islom ba roh monda nashudaast, pas in mard begunoh ast.
Посух додан
  • Шамс

  • 24 октябр 2013 08:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Адвокат

Шарм доред, ин кадар эвропейский шудед. Барои 4 суми химоятгар
Нашавад, ки шумо хам посредник ё жертваи хамин мулло бошед
озодона ба сахми ин ислохотчии нави точик расонед
Посух додан
  • Бобак

  • 24 октябр 2013 10:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин зан худаш гумоштаи макомот аст ва хадафи онхо тахкири муллохо ва бад кардани ислом дар назари мардум аст то мардум ва чомеа аз ислом дур шавад ва ин дунявихо то вакте зиндаанд дар мансаб пулу хакааи мардумро хурда гарданд. Инхо аз масчидхои пур аз чавони намозхон метарсанд ва барои хамин ислом ва муллоро бадном мекунанд то гароиши чавонон ва дар умум мардум ба ислом кам шавад. Вале ин баракс мешавад Худо хохад. Бо бадном кардани ду се чодугару муллои калбаки шумо обури худу миллатро дар тамоми дунё бурдед, дигарон на мулло ва на ислом, балки точикро масхара карда истодаанд. мутаассифона барои ду руз мансаб ва ду тини пучак обрки точикро фурухтанд.
Посух додан
  • наби

  • 24 октябр 2013 12:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кандата зан адвокат, агар хаминхел адвокатхои хакикатчую ростгуй бисёр шавад мулкамон обод мешавад, вой бархоли он адвокатхое, ки лухтаки сари дасти дигаронанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мулои бе имон, оятхои китоби мукадаса хонда майшат намуда обруи мардуми точика як тини пучак кард боз бегунох будаст? Инчо ин муло гунахгорхам бошад айб дар хамин зан аст, ки пеши ин муло меомадаст бигзор занро ба чавобгари кашанд, то барои дигар занхои, ки ба мулохои чодугар ихлосдоранду харуз дар пушти дари онхо садхо оиларо ба чодугари вайрон мекунанд панд шаваду дигар ба чодуву сохтакори фолбинхо бовар накунанду назди онхо нараваед..
Посух додан
  • Зафар Курбонов

  • 24 октябр 2013 19:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам хамкасб! Агар ишкварзи бо хохиши хар ду тараф шуда бошад. пас ояхои Куронро хондани ин шахс дар вакт ишкварзи чист? оё ин барангехтани кинаву адвоати дини нест? ое ин тахкири дини мубини Ислом нест?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
эй адвакат ика хта барой пул паст назан имруз пуштибони он чодугар мешави хдо накардаву он чодугар озод шава дигарош мебинан меган хичи гап набдай фардо фикри худатро низ кун ки трам зану хохару духтар дори
Посух додан
  • CMZI

  • 26 октябр 2013 17:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дахшат! Ин кори тавбах аст, ки ба васвасаи шайтони гирифтор нашавем. Худованд имони хамаи моро мустахкам нигах дорад ! Аммо ин сабти видеои ба Youtube дохил карддан шарт набуд, ки номи Мулло ва номи миллати Точикро паст кардак... Тамошии ин Видео ба 163 000 нафар расидааст. Дар амони Худованд бошед!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!