Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:29

Нахустин пирӯзии “Истаравшан” дар мавсими имсол

23 октябр 2013, 19:02

Ду бозии мавқуфгузоштаи даври 15-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои “Регар-ТадАЗ” - “Энергетик” ва “Истаравшан” - “Вахш” баргузор гардид.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ дастаи “Энергетик”-и Душанберо бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. Голҳои дастаи ғолибро Шодибек Ғаффоров, Хуршед Маҳмудов ва Фирӯз Раҳматов (ду гол) ба ҳадаф расонданд. Туби ягонаи меҳмононро Адо Патрик, легионери ганагӣ вориди дарвозаи ҳариф кард.

Бозии дастаҳои “Истаравшан”-и Истаравшан ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа” дар варзишгоҳи марказии Истаравшан баргузор гардида бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Голи ягонаи сабқатро Илҳом Баротов дар дақиқаи 85-ум ба ба ҳадаф расонд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии имсола ин нахустин пирӯзии дастаи “Истаравшан” аст. То имрӯз “Истаравшан” 12 бозӣ карда дар 9 тои он шикаст хурда, 2 бозиро мусовӣ кардааст.
Дар ҷадвали мусобиқот миёни 10 даста бо 5 имтиёз дар зинаи охир қарор дорад.

Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот тими “Равшан”-и Кӯлоб бо 34 имтиёз дар садри ҷадвал нишастааст. “Истиқлол”-и Душанбе бо 33 имтиёз дар мақоми дуюм аст. “Хайр”-и Ваҳдат бо 26 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.

Нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот инҳоянд: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол”) - 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) - 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) - 5-тӯбӣ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом салом салом! Ман ин галабаи дастаи Истаравшани истаравшанро табрик мекунам! Мехохам ханинхел голибиро хамеша ба даст орад! Истаравшан ба Пешшшшшш!!!

истаравшан хамеша ба пеш!

Истаравшан хамеша Ба ПЕШШШШШШШ!!!!!
Посух додан
  • Хомид

  • 28 октябр 2013 18:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Исолашада ин аввалину охирин пирузии истаравшан аст хахаха айб аст йаб хай наметонен бози карда рафта дар лигаи аввал бози кунен охи кучо меоен дар лигаи оли бози мекунен аввал бозиро ёд гиред ба биёен охи шамшод миразизов,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!