Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:33

Дар Тоҷикистон “лимит”-и барқ ҷорӣ шуд

26 октябр 2013, 16:54

Ширкати “Барқи тоҷик” барои сарфаи обу энержӣ сар аз имрӯз, 26-уми октябр дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ ё худ лимитро ҷорӣ кардааст.

Тавре Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, мардуми навоҳии кишвар минбаъд аз соати 23:00-и шаб то 5:00-и субҳ барқ нахоҳанд гирифт. Ёдгорӣ таъкид намуд, ки ин иқдом ба хотири захираи об дар обанборҳои кишвар ва таъмини беҳтари мардум бо барқ дар фасли зимистон аст, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон имсол қаҳратун хоҳад буд.

Ёдгорӣ таъкид намуд, ки ин маҳдудият ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дахл надорад.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ 10-уми октябр ҷорӣ гардида буд. Дар Тоҷикистон ҳамасола ба далели камбуди барқ дар фасли зимистон, зимни таъмини мардум бо нерӯ маҳдудияти барқ ҷорӣ мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Лимит ояд гарм дар огуш гир,
Расми хуби точиконро гум макун.
Э.Рахмон.
Посух додан
  • Абв

  • 26 октябр 2013 20:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон озодиятро аз даст доди чи? Чаноби Зафар! Танбалиятонро эхсос мекунем. Ё ки барои хар руз ду хабар- шумо низ барои хонандагон лимит чори кардед? Мухлисонатонро ноумед накунед!!! Мо аз фардо хабархои сершуморро аз шумо интизорем. Озодагон лоакал ту лимитро болои мо чори накун!!! Ман душманам ба харчи гуломию бандагист!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ай хами лимити барк безор шидагием вешна точикистон лимити барк дораду авгонистону покистон не!!! кай ай лимити барк пурра халос мешида бошем!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албата бояд,ки барои хунук омадани ин сол лимит чори карда шавад.
Посух додан
  • Daler

  • 27 октябр 2013 18:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Zinda boshu der zih, Emomali Rahmon!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале бале иди кувваи барк муборак бод 2 соли дигар токат кунед бад одат карда меравед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ин хабар зикр гардидааст, ки "аз соати 23:00-и шаб то 5:00-и субҳ барқ нахоҳанд гирифт." Аммо дар нохияи Б.Гафуров чарогро соати 22:00 хомуш мекунад, пас сабаб дар чист?
Посух додан
  • Дил

  • 28 октябр 2013 21:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Соати 11 гуфта фиреб кардиян соати 10 мемура
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аммо дар нохияи мастчох аз рузи 1 октябр лимит чори шуд ба хар бахонахои дуругин баркро катъ мекунанд.
Посух додан
  • Умедчон Аз Восе

  • 29 октябр 2015 18:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ай вахте хдмона да ёд дорем калон мартабахо меган свет 2015 да умрбоди мешава акалан ай 5 то 23 ра бтен шкронаи мекнем

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!