Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:17

Шикояти сокинон аз нақзи меъёри лимити барқ дар ноҳияи Қумсангир

28 октябр 2013, 11:39

Сокинони ноҳияи Қумсангир аз риоя нашудани меъёри маҳдудият ё худ лимити барқ дар ин минтақа шикоят доранд.

Мурод Алӣ, як сокини ин ноҳия дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ноҳияи Қумсангир барқ пеш аз вақти муайян кардаи ширкати “Барқи тоҷик” хомӯш карда мешавад. Ба гуфтаи ӯ, неруи барқ дар минтақаи мазкур аз соати 22:00 то 5-и субҳ хомуш мешавад. Дар ҳоле, ки бар асоси гуфтаҳои ширкати мазкур он бояд аз соати 23:00-и шаб то 5:00-и субҳ қатъ гардад.

Ширкати “Барқи тоҷик” ахиран аз ҷорӣ шудани маҳдудияти барқ ё худ лимит барои сарфаи обу энержӣ сар аз рӯзи 26-уми октябр дар Тоҷикистон хабар дода буд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” гуфт, мардуми навоҳии кишвар минбаъд аз соати 23:00-и шаб то 5:00-и субҳ барқ нахоҳанд гирифт. Ӯ таъкид намуд, ки ин иқдом ба хотири захираи об дар обанборҳои кишвар ва таъмини беҳтари мардум бо барқ дар фасли зимистон аст, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон имсол қаҳратун хоҳад буд.

Ба қавли Ёдгорӣ, ки ин маҳдудият ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дахл надорад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ 10-уми октябр ҷорӣ гардида буд. Дар Тоҷикистон ҳамасола ба далели камбуди барқ дар фасли зимистон, зимни таъмини мардум бо нерӯ маҳдудияти барқ ҷорӣ мегарда


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Электрик

  • 28 октябр 2013 12:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То вакте,ки Э.Рахмон президенти Точикистон хаст, лимити барк боки мемонад. Барои гарми ва равшании манзилхоятон то соли 2020,аз усулхои кухнаи бобоги истифода баред.
Посух додан
  • Корбар

  • 28 октябр 2013 13:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар асри 21 барк надорем. Чи як шармандагии бузургест.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!