Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:38

Раиси НАНСМИТ ҳукми додгоҳи сайёри Мастчоҳро “сангин” хонд

28 октябр 2013, 18:42

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ 11 сол ҳукми зиндони Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷикро, “ҷазои сахту сангин” номид. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, далелҳои онҳо “фармоишӣ” будани қазияи Исмоиловро бозгӯ мекунад.

Оқои Қаршибоев дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ба андешаи мо, ҳоло бояд вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз болои ҳукми додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят барад. Шояд раисикунандаи ин парванда аз рӯи мақоли тухмдузд ҳам дузду шутурдузд ҳам дузд амал карда, бидуни ҳамаҷониба санҷидани далели ҷонибҳо чунин ҳукм баровардааст.”

Мусоҳиби мо дар идома афзуд, онҳо далоили зиёде дар даст доранд, ки аз фармоишӣ будани қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳикоят мекунад: “Худи шахсияти даъвогарон одамро ба андеша водор мекунад, ки то кадом дараҷа ҷиноятҳое, ки ба Муҳаммадюсуф рабт додаанд, ҳақиқат дорад.” Вале раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, дар баррасии парвандаи Исмоилов маълум шуда, ки ӯ “воқеан, аз озодии баён сӯистифода кардааст”.

Додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28 октябр хабарнигор ва сокини 53-солаи ноҳияи Ашт -- Муҳаммадюсуф Исмоиловро бо ҷурми “тамаъҷӯӣ” ва “сӯистифода аз мақом” ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ инчунин Исмоиловро ба пардохти 6 ҳазор сомонӣ пули ҷабрдидаҳо, ки гӯиё аз роҳи тамаъҷӯӣ ба даст овардааст, низ муваззаф сохт. Муҳаммадюсуф Исмоилов, собиқ хабарнигори ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ”, соли 2010 низ ба гумони “тамаъҷӯӣ”, “маҳалгароӣ” ва “ихтилофандозӣ” боздошт шуда, танҳо дар моҳи октбяри соли 2011 таҳти фишори созмонҳои маҳалливу байналмилалии озодии баён озод гардида буд.


Дар акс: Нуридидн Қаршибоев


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамон рузе, ки прокурор даъвои 14 сол барои Исмоилов кард ман акидаи худро иброз дошта гуфта будам, ки таърихи 22 соли истиклолияти Точикистон ва фаъолияти судяхои мо нишон дод, ки онхо кобилияти муйро аз хамир чудо кардан надоранд, ва хар хукме ки прокурор пешниход кард бо 2 -3 сол каму зиёд кардан хатман конеъ карда мешавад. Имруз хар шахрванд агар бегунохии худро исбот кардан хохад бояд хама кушишро ба харч дихад, ки кори у то додгох наравад. Чун кор то ба додгох расид дигар умеди сафед шуданро набояд кард, бегунох хам боши хатман хукм мегири.
Кори Исмоилов хам аз чунинхост
Посух додан
  • мастчохи

  • 29 октябр 2013 10:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мастчох не ашт

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!