Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:40

384.000 сомониро ғайриқонунӣ соҳиб гаштаанд

1 август 2011, 08:42

Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд,  зимни як амалиёти вижаи кормандони мақомоти интизомӣ Сулаймон Сафохонови 51-сола, сокини  шаҳри Ваҳдат дастгир карда шуд.


Гуфта мешавад, ӯ моҳи июни соли 2007 дар якҷоягӣ бо ширкати «ДЭЛВОН-плюс»-ИНК тариқи сохтакорӣ, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб дода, ба филиали  «Агроинвестбонк»-и шаҳри Ваҳдат пешниҳод намудааст. Тибқи ин асноди тақаллубӣ гуё тариқи истгоҳи   Янгибозор ба суроғаи як соҳибкор 882 тонна маҳсулоти сохтмонӣ аз қабили семент ворид карда, маблағи 384.000 сомониро ғайриқонунӣ аз они худ намудааст.  Айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!