Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:19

Даъвати вакилони Зайд Саидов ба боздоштгоҳи Кумитаи амният

31 октябр 2013, 10:19

Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ва раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, рӯзи 31 октябр се вакили мудофеи ӯро ба назди худ хондааст. Чун мурофиаи оқои Саидов паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон сурат мегирад, вакилон ба назди Абдулхайров ба он ҷо омадаанд.

Зоҳиран дар гуфтугӯе, ки миёни вакилони мудофеъ ва оқои Абдулхайров сурат хоҳад гирифт, масъалаи мурофиаи Зайд Саидов баррасӣ мешавад. Зайд Саидов рӯзи 23 октябр бо изҳори нобоварӣ ба мустақилӣ ва беғаразии Шавкат Абдулхайров -- додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи парвандааш эълон карда буд, дар мурофиаҳои баъдӣ иштирок нахоҳад кард.

Ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки додгоҳ дархости Зайд Саидов ва се вакили ӯро дар бораи ташхиси генетикӣ дар парвандаи аввали “таҷовуз ба номус” ва тағйири додрас дар мурофиаи додгоҳияш рад кардааст. Онҳо дархост карда буданд, ташхиси генетикӣ бояд дар яке аз давлатҳои Аврупо гузаронда шавад ва харҷи онро тарафи Зайд Саидов пардохт хоҳад кард.

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов 12 сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, паси дарҳои баста ҷараён дошт. Мақомот оқои Саидовро, ки 19 май, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, боздошт шуда буд, дар қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, ришват, сирқати амволи давлатӣ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси ду ноболиғ муттаҳам медонанд. Гуруҳи тафтишотӣ мегӯяд, яке аз ин ноболиғон аз оқои Саидов фарзанд дорад ва ташхиси хунӣ ё ДНК-и он дар яке аз лабораторияҳои хусусии Русия гузаронда шудааст, ки ба нафъи раҳбари Тоҷикистони нав нест.

Аммо Зайд Саидов ва вакилони мудофеи ӯ ин ташхиси хуниро ғайриқонунӣ дониста буданд. Аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов гуфта буд, “барои ташхиси ДНК бояд қарордод баста ва аз ҷониби Зайд Шерович имзо гардад. Дар санади ташхиси ДНК, ки дар додгоҳ ироа шуд, аз куҷое имзои Зайд Шерович пайдо гардидааст. Аз ин худи Зайд Шерович ҳам дар ҳайрат монд, чун ягон санадро барои ташхиси ДНК имзо накардааст. Ҳамаи мо аз ин ташхис бехабар будем.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tojik

  • 31 октябр 2013 10:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
sudya davatashon kardaast gued..ee vohima mekunenda amniyat gufta.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!