Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:54

ВИДЕО: “Истиқлол” дастаи “Парвоз”-ро голборон кард

31 октябр 2013, 10:37

Се бозии даври 16-уми мусобиқоти қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои “Истиқлол”-“Парвоз”, “Вахш”-“Хуҷанд” ва “Хайр”-“Регар-ТадАЗ” баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод. Дилшод Восиев дар дақиқаҳои 27, 85 ва 90-ум се гол зада хет-трик кард. Александр Кудряшов (34), Глаубер Да Силва (42) ва Толибҷон Султонов (88) як голӣ ба ҳадаф расониданд.



Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бо тими “Хуҷанд” қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Валерий Андроник, бозигари дастаи меҳмонон дар дақиқаи 7-уми дидор ҳисобро боз кард (0:1). Тоҳир Зоиров, бозигари дастаи мизбонон дар дақиқаи 12-уми сабқат аз ҷаримаи 11-метра тӯбро ба дарвозаи ҳариф ворид намуда, ҳисобро баробар кард (1:1). Ду голи дигари мизбононро Абдухалил Боронов, дар дақиқаҳои 45 (2:1) ва 70 (3:1) ба ҳадаф расонид.
Дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “РегарТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “Хайр”-и Ваҳдат қувваозмоӣ намудаанд ва бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Фируз Рахматов, бозигари дастаи меҳмон дар дақиқаи 24-уми сабқат, тӯбро ба дарвозаи ҳариф ворид намуда, ҳисобро кушод (0:1). Голҳои ғолибонро Мирзобек Мирзоев, дар дақиқаи 55-ум (1:1) ва Меҳроҷиддин Музаффаров, дар дақиқаи 90+2 (2:1) заданд.

Бозии охирини даври 16-уми мусобиқоти қаҳрамонии Лигаи олӣ имрӯз, 31-уми октябр миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб – “Истаравшан”-и Истаравшан дар Варзишгоҳи марказии Кӯлоб баргузор мешавад. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Ёваронаш: Қурбонмаҳмад Каримов (Хуросон), Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа). Довари эҳтиётӣ: Алимирзо Хоҷаев (Қӯрғонтеппа). Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо 37 имтиёз дар садри ҷадвал нишастааст. “Равшан”-и Кӯлоб бо 34 имтиёз дар мақоми дуюм аст. “Хайр”-и Ваҳдат бо 29 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. Феълан дастаҳои “Истиқлол” ва “Хайр” 15 бозигӣ анҷом додаанд, тими “Равшан” бошад то имрӯз 12 бозӣ анҷом додааст.

Нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот инҳоянд: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / “Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб, Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 6-тӯбӣ, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5 тӯб.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Одил

  • 31 октябр 2013 11:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин Парвозу Хучанд чи балое доранд, ки омада хамин Истиклолда бо хисоби калон бой метиян. Шарм намедошта бошан?? )))))
Посух додан
  • Кулоби

  • 31 октябр 2013 18:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Равшан Истаравшан 4-1

Фируз Рахматов, бозигари дастаи мизбон дар дақиқаи 24-уми сабқат, тӯбро ба дарвозаи ҳариф ворид намуда, ҳисобро кушод/ Хатогиро ислох кунед бозингари дастаи мехмон
Посух додан
  • вахдат

  • 1 ноябр 2013 11:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои бой додан ба ФФТ ариза пешниход накардед.
Беномусхои хамин кадар гайрат доред.
Боз Равшанро аз финал гардонидед.
Посух додан
  • кулоби

  • 1 ноябр 2013 11:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фируз Рахматов мехмон буд на мизбон

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!