Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:37

Норозигии масъулини зиндон аз муроҷиати падари маҳбус ба президент ва расонаҳо

31 октябр 2013, 14:46

Волидони Муҳаммадиқбол Зоидов, маҳбуси зиндони “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат мегӯянд, масъулини зиндон ба онҳо иҷозаи мулоқот бо фарзандашонро намедиҳанд. Волидони маҳбус иддао доранд, ки фарзандашон дар пайи латтукӯби маъмурини зиндон дар дами марг қарор дорад.

Шариф Зоидов,
падари Муҳаммадиқбол, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ҳафтаи гузашта маҳбусон аз Муассисаи ислоҳии №2-и шаҳри Ваҳдат, ки бо номи “Кирпичний” маъруф аст, занг зада, хабари марги писарашонро расонданд: “Ман 25-уми октябр, пас аз шунидани ин хабар ба маҳбасхона рафтам, то асли воқеаро бифаҳмам. Ба ман гуфтанд, ки писарам намурда, балки дар дами марг аст. Писарамро дидам, баданаш ягон ҷои обод надорад. Аз зинда мондани фарзандам умедам канд ва ҳатто табиби маҳбасхона ба ман гуфт, ки 99 фоиз писаратон мурдааст.”

Шариф Зоидов аз он шикоят дорад, ки пас аз ин дидор масъулини маҳбасхона ба ӯ иҷозаи аёдати фарзандашро надоданд ва ниҳоят ӯ маҷбур шуд ба президент муроҷиат кунад: “Маҷбур шудам, аввали ҳафтаи равон, ҳамроҳи ҳамсарам ба назди Қасри Миллат омадам, то додамро ба президент гӯям. Аммо посбонҳо ба мо гуфтанд, ки президент намешавад ва рафта дар дастгоҳи раисиҷумҳур шикояти хаттӣ нависед.”

Зоидов мегӯяд, дар пайи ин ба расонаҳо муроҷиат кард, вале ин кор ба масъулини зиндон маъқул нашуд: “Онҳо эърод гирифтанд, ки чаро ман ба расонаҳо муроҷиат кардам. Ҳоло ҳам ба ман иҷозати мулоқот бо фарзандам надодаанд. Ба вакили дифоъ муроҷиат кардем ва ҳоло ӯ ба қазияи фарзанди ман машғул аст.”

Ба гуфтаи падари маҳбус, Муҳаммадиқбол Зоидов, соли 1987 таваллуд шуда, соли 2006 бо моддаи 249 (роҳзанӣ) қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Аличон

  • 2 ноябр 2013 18:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
акои Мухаммадикбол намешуд ки фарзандатонро дар рохи дуруст тарбия мекардеду имруз гамашро намедидед дар ин кадар синни чавони даст ба рохзани задан, мардуми чафокашро горат кардан ба инхо бояд акочон ахамият медодед, ки фарзандатон дар кадом рох рафта истодааст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!