Бахшҳо

БДРЧ ва Амонатбонк ҳамкориашонро тақвият медиҳанд

Дар бинои асосии «Амонатбонк» мулоқоти ҳайати корӣ бо намояндагони бонки давлатии рушди Чин баргузор шуд.


Бино ба иттилои дафтари матбуотии «Амонатбонк»  ҳайати кории БДРЧ бо сафари чандрӯза, ҷиҳати анҷоми омӯзиш ва таҳлили як зумра лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва доир намудани мулоқотҳо бо масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БДА ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварданд. Дар ин мулоќот ҳайати кории БДРЧ Чжан Тсинмин сардори Департаменти аввали баррасии лоиҳаҳои БДРЧ роҳбари ҳайат, Тсюй Янвэн, муовини сардори Департаменти аввали баррасии лоиҳаҳои БДРЧ, Чжан Тсзянсин, муовини роҳбари филиали Синтсзяни БДРЧ, Вэй Лянчун ёвари директори шӯъбаи дуюми баррасии лоиҳаҳои БДРЧ, Лю Бин директории Департаменти  ҳолатҳои фавқулодаи филиали Синтсзяни БДРЧ ва масъулини намояндагии БДРЧ дар Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҳайати Амонатбонк бо роҳбарии раиси раёсат Гулнора Ҳасанова аз муовинони раис, директорони департамент ва сардорони идораҳои асосии бонк иборат буд.

Ҳамзамон, Амонатбонк якчанд пешниҳодҳоро ҷиҳати сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои ҷумҳурӣ манзур намуд. Яке аз чунин пешниҳодҳо ин аз тарафи БДРЧ додани қарзҳои имтиёзноки яклухт барои рушди соҳибкорӣ, кишоварзӣ ва дастгирии аҳолии кӯҳистон мебошад.        

Гуфтанист, бонки давлатии рушди Чин яке аз бонкҳои бонуфузтарини ҷумҳурии мардумии Чин ба шумор рафта, соли 1994 ташкил ёфтааст. Дороиҳои бонк 700 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, фаъолияти асосии он ба сармоягузории лоиҳаҳои хурд ва бузург дар дохил ва хориҷи кишвар равона карда шудааст. Тавассути Амонатбонк  22 лоиҳаи хурду бузурги хоҷагии халқи ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи БДРЧ сармоягузорӣ  карда мешавад.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)