Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:06

Ҳадяҳои Саудиро кӣ дар Тоҷикистон ба савдо гузоштааст?

1 ноябр 2013, 09:30

Баъзе аз китобҳои динии чопи Арабистони Саудӣ, ки фурӯши онҳо аз тарафи ношир манъ шуда, бояд ройгон тақсим шаванд, дар нуқтаҳои фурӯши адабиёти динии Тоҷикистон ба савдо гузошта шудаанд.

Хабарнигори “Озодагон” ҳангоми боздид аз чанд нуқтаи фурӯши адабиёти динӣ, аз ҷумла мағозаҳои назди Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, бо китобҳои “Муҳаззабу тафсир ал-ҷалолайн” ва “Сувар мин ҳаёт ас-саҳоба” (се ҷилд) рӯбарӯ омад, ки дар онҳо муҳр оид ба манъи фурӯшашон зада шудааст. Аммо аввалӣ ба қимати 45 сомонӣ ва дуюмӣ ҳар як ҷилдаш бо нархи 6 сомонӣ ба муштариён пешниҳод мешавад.

Ин дар ҳолест, ки тамоми хароҷоти табъу нашри ингуна китобҳо аз сӯи ношир пардохт шуда, онҳо бояд бепул ба мардум тақсим шаванд. Тоҷирони бархе аз фурӯшгоҳҳои назди фурӯшгоҳҳои Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ин навъ китобҳоро аз Масҷиди марказӣ, ки Шӯрои уламо дар онҷо ҷойгир аст, дастрас мекунанд ва ба гуфтаи онҳо, зоҳиран ин маблағ ба таъмиру бозсозии масҷид равона мешудааст. Фурӯшандаи яке аз мағозаҳои Масҷиди марказии пойтахт, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар суҳбат бо мо гуфт, ҳарчанд китобҳои мазкур нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шудааст, вале муштариён ҳангоми дидани муҳри онҳо, ки ношир фурӯхтанашонро манъ менамояд, худдорӣ мекунанд: “Бештари муштариён худи ҳамин китобро бо нархи 20 то 30 сомонӣ қимат аз дигар мағозаҳо мехаранд, вале инҳоро ба хотири мӯҳрашон не.”

Неъматулло, ёвари раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз шарҳи ин масъала худдорӣ карду танҳо бо як ҷумла хулоса намуда, гуфт, ки ин гапҳо асос надорад: “Шумо ба мо гӯед, ки кӣ чунин гуфт?” Атовуллоҳи Қосим, сухангӯи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд, фурӯши китобҳое, ки болои онҳо навишта шудааст: “Ба таври ройгон тақсим шуда, фурӯхта намешавад” мамнуъ мебошад, чун онҳо ҳукми вақфро мегиранд. Дар мавриди ба савдо баромадани ингуна китобҳо дар нуқтаҳои фурӯши китоби Тоҷикистон ӯ гуфт, “шояд бархе онҳоро аз сӯи созмонҳои хайриявӣ дастрас карда, барои манфиати хеш мефурӯшанд.”

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон ва яке аз руҳониёни саршиноси тоҷик, мегӯяд, ҳарчанд ин қабил китобҳо, ки муаллифонашон фурӯши онҳоро манъ кардааст, ҳукми вақфро намегиранд. Аммо ӯ гуфт, тиҷорат ва манбаи даромад қарор додани онҳо аз нигоҳи дини Ислом ҷоиз нест.

Ба назари собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, тоҷир ё фурӯшанда, бар ивази ин қабил китобҳо танҳо ҳаққи талаби маблағеро дорад, ки барои интиқол ва боҷи гумрукӣ пардохт кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро касе аз шумо аз окои Турачонзода напурсид, ки аввалхои солхои 90-ум 100 000 нусха Куръони карим, ки хадяи Арабистони Сауди буд бо дастури Козидомулло ба фуруш гузошта шуд. Ё тавба!!! Имруз Хочи Акбар ба фикрам мункир мешаванд аз тарси Накир))))). Фуруши ин гуна китобхо ки мухри "ройгон пахн карда мешавад"-ро доранд манъ аст чи китобхои дини ва чи дуняви.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруст кайд кардед!!! Аммо чи чора, ки имруз дар Точикистон одамон китоби ройгон он тараф истад зану фарзанд, дину имон, номусу вичдони худро ба фуруш гузоштаанд. Худованд шармандаи дунёву охират ва шармандаи бозори Киёмат нагардонад. Омин!!РЕНТГЕН,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!