Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:48

Шикояти вакили "муллои ҷодугар" ба додгоҳи Душанбе

1 ноябр 2013, 14:17

Асадулло Иброҳимов, маъруф бо “муллои ҷодугар”, ки ахиран аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Сино ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, имрӯз, 1-уми ноябр, ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ бурдааст.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов хабар дода, афзуд, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ин шикояти кассатсионӣ бояд пас аз панҷ рӯзи муроҷиат мавриди баррасӣ қарор гирад.

Шикояти касатсионӣ дар ҳолест, ки дар қазияи Асадулло Иброҳимов шоҳиди нав пайдо шудааст. Далер Каломов, як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз болои Зулола Раҳимова, ки дар видеои баҳсбарангези “муллои ҷодугар” тасвир ёфта, аммо дар додгоҳ ба ҳайси ҷабрдида баромад кард, ба Мавлудҷон Салихов -- вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов муроҷиат карда, арз доштааст, ки замоне Зулола мехост, аз тариқи сабти ҳолатҳои шаҳвонӣ ӯро ҳам ба доми худ андозад.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 24 октябр Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”-ро ба 7 соли зиндон маҳкум карда, ба пардохти 14 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф намуд. Исмоил Давлатов, додраси ноҳияи Сино, Асадулло Иброҳимовро аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти динӣ барои 5 сол маҳрум кард. Ин дар ҳолест, ки Амрулло Фозилов, айбдоркунандаи давлатӣ, барои Асадулло Иброҳимов 8,5 соли зиндонро талаб карда буд.

Худи Асадулло дар толори додгоҳ гуфт, ба Зулола ягон хел фишор ё зӯрӣ накардааст ва бинобар ҳамин, худро гунаҳкор наҳисобида, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест. Мавлудҷон Салихов дар тақвияти гуфтаҳои зерҳимояаш гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ вақте ба Зулола Раҳимова суол дода шуд, ки “Шумо дар сабти навор дар вақти дуохонӣ ва ба оғӯш гирифтани домулло ягон ҳаракатҳои зӯроварӣ дидед ва чаро напурсидед, ки чунин мекунад?” посух дод, ки “гумон кардам, дуохонӣ ва баровардани тарс ҳамин хел будааст.”

Мурофиаи додгоҳии Асадулло Иброҳимов рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфта, 24 октябр бо ҳафт сол ҳукми зиндони ӯ поён ёфт. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуд, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо Зулола Раҳимова амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ намоиш дода шуд ва дар як вақт ба шабакаи интернет ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба ихел мулло чихел одам чихел шахс одвокати кардос? Ман намефахмам ихел шахсора? Ба фикри ман ба ин муллои худо зада 7сол кам аст. Мехохам ба у то охири умраш хукм диханд!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!