Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

100 ҳазор ҷавон барои ҳимояти Раҳмон ба кӯчаҳо мебароянд

1 ноябр 2013, 14:33

“Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) мегӯяд, иқдоми умумиҷумҳуриявиеро таҳти унвони “Президенти ман!” доир менамояд.

Бар асоси иттилои ин созмон, дар доираи ин иқдом роҳпаймоии ҷавонон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар назар аст: “Беш аз 100 ҳазор ҷавонон ба хотири ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, дар интихоботи 6 ноябр ба кӯчаҳо хоҳанд баромад.”

“Созандагони Ватан” мегӯяд, ин раҳпаймоӣ рӯзи 2 ноябри соли 2013, соати 8-00, дар марказҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст. Қаноти ҷавонони ҲХДТ мегӯяд, дар шаҳри Душанбе ин иқдом санаи 3 ноябр дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо ҷалби ситораҳои эстрада баргузор хоҳад гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Он сад хазор чавонон хамон донишчуёни донишгохоянд, ки мачбури мебарорандашон агар набароянд аз зачоту экзамен бенасиб мемонанд.....
Посух додан
  • Мухочир

  • 1 ноябр 2013 15:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хама ба Консерту раксу бози.дар точикистон хамаи ин ба назар онкадар баьд наменамояд вале берун аз ватан ин интихобот чунон баьд ва бемаьни ва гайридемократи астки ......, бойкот аз тарафи мухочирон-!
Посух додан
  • мария

  • 1 ноябр 2013 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
барои шумо хама чиз мумкин хамин як ду се суме ки дред барои хамин сафр кунед ба пеш хинояткорон
Посух додан
  • наргис

  • 1 ноябр 2013 15:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бойкот
Посух додан
  • али

  • 1 ноябр 2013 16:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
всеравно ман хама номзадхоро хат мезанам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
иншоаллох айвайда зуртар хастай
Посух додан
  • Дилёб

  • 1 ноябр 2013 17:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чанд руз мешавад, ки як чияни ман мегуяд ки садорати факултети Филологияи ДМТ ичборан моро ба куча бароварданиянд. Ду дафъи дигар намедонам барои чи бошад декан бо хамрохии муовини аввалаш имзохоямонро гирифтанд. Харчанд эътироз кардем, ки мо надониса имзо намекунем, аммо эшон моро тахдид карданд ки хоричамон мекунан.
Акнун бародарон худатон хулоса кунед.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бахри як одам як давлат саргардон. магар ин
берахми нест 99% рохпаймои масбури
Посух додан
  • Студент

  • 1 ноябр 2013 17:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хама рохпаймоихо сохта ва мачбури мебошанд, бисёртар ба ин рохпаймоихо студентон ва хонандагон чалб карда мешаванд ,агар онхо дар ин рохпаймоихои мачбури иштирок накунанд,онхоро хатман аз донишкада хорич мекунанд ё ба имтихонхо бо хар бахона рох намедиханд.
Посух додан
  • Инсон

  • 1 ноябр 2013 19:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар ба мо хам фишор наоранд мо 500-хазор!
Посух додан
  • Аник

  • 1 ноябр 2013 20:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман нафахмидам, наход шумораи фарзандхои мансабдорхои мо ба 100 хазор расида бошад? Онхо хама фарзандони воломакомхоянд!
Посух додан
  • АХБ

  • 1 ноябр 2013 20:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
TAHRIM,BOYKOT!!!
Посух додан
  • Мехмон.

  • 1 ноябр 2013 20:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
баъди ин рохпаймоихо парокандагист.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бачое,ки ватан обод кунад ин президент факат дар гирди худ одам чам мекунад, но фахмида намонад,ки Аллох ба дурусти ба хамаи кор кодир аст, ин шахс иншоАллох ба хамаи инхо чвоб мегуяд дар назди Аллох!
Посух додан
  • tojik

  • 2 ноябр 2013 00:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
behtarin.javonon istirohat kuned.rahmon-ubaidulloev behtarin rohbarand.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!