Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

Кабирӣ аз Туркия: “Зарурати бозгашт то интихоботро намебинам”

1 ноябр 2013, 20:06

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), дар сӯҳбат бо “Озодагон” хабарҳо дар бораи гӯиё кӯч бастанаш ба Туркияро рад кард. Ӯ гуфт, бо истифода аз таътиле, ки парлумон барои намояндагони мардумӣ дар давраи таблиғи номзадҳо ба мақоми президентӣ додааст, танҳо чанд муддат дар назди фарзандонаш дар Туркия монда ва сипас ба Ватан боз мегардад.

“Бо назардошти он ки парлумон ба таътили ғайринавбатӣ баромадааст ва вакилон ба минтақаҳо барои таблиғи номзадҳо рафтаанд, лозим донистам, ин муддатро дар Туркия бо ҳамроҳии фарзандонам бигзаронам, ки онҷо таҳсил мекунанд. Бояд гуфт, яке аз фарзандонам донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи иқтисодии Истанбул ва дуи дигар донишомӯзи литсей мебошанд”,-афзуд ӯ.

Оқои Кабирӣ дар идома гуфт, ҳарчанд таҳсили фарзандонаш дар хориҷ ва сафарҳои доимии ӯ чизи нав нест, “вале матраҳ шудани ин мавзӯъ имрӯзҳо шояд дар заминаи баъзе фишорҳо болои ҳизб, парвандаи тӯлонии экологӣ дар маҳкама ва фишорҳои иқтисодӣ болои хешу табор ва наздикони мо ба вуҷуд омадаанд”. Вай илова кард, “албатта, дӯстдорони паҳн кардани овоза ҳам кам нестанд. Воқеият ин аст, ки рӯзҳои наздик ҳатман бармегардам ва ба фаъолияти рӯзмарраи худ мисли пешина давом хоҳам дод.”

Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, чун номзади онҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон сабт нашуд ва Шӯрои сиёсии ҳизбаш низ тасмим гирифт, ки дар интихобот иштирок намекунад, зарурати бозгашт то интихоботро намебинад. Вай аз ҳамаи тарафдорону дӯстонаш хоҳиш кард, ки ба ҳар гуна овозаҳо дар бораи кӯч бастани ӯ ба кишвари хориҷӣ бовар накунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳамзамон президенти Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон аст, ҳафтаи гузашта барои ширкат дар Кунгураи 19-уми Федератсияи байналмилалии ҳандбол ба Қатар рафта буд. Вай мегӯяд, баъд аз анҷоми кори Кунгура бо олими шинохта ва муҷтаҳиди муосири олами Ислом доктор Қарзовӣ, ки солҳои охир дар Қатар зиндагӣ мекунад, низ мулоқот ва сӯҳбатҳо дошт. “Аз ҷумла, мавзӯи номзадии зан ба мақоми президентӣ, роҳбари давлат интихоб шудани зан ва масоили дигари рӯзмарра мавриди сӯҳбат ва баҳси мо қарор гирифт”,-гуфт ӯ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То ин соат хеч боварам намеомад, ки Кабирв Мухиддин хам мисли Устоди худорахматиаш рафтор кард. Аммо холо муътакид шудам. Метавонам бигуям, ки Кабиров хамаро фурухт.
Акнун хар кас медонаду сохили шинокуни. Аз хама чиз монодем
Посух додан
  • ahmad

  • 1 ноябр 2013 21:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
акси ҷавон бо сигор далолат ба хастагии y аз мушкилоти миллат мекунад. Рости мо ҷавонҳо дар ин мишкилиҳои рузмара хаста мешем. Дар кишвар илмy марифат ҳам ки дошта боши криш надори рузе 10 саат зери дасти 1 бесаводи тағадор кор мекуни вале пуле ба даст намеори ки оромона зиндагиатро ба пеш бари. Инсоне ки моҳи дароз кор кунадy маблағе бадаст наорад ки зарyриёти асосии зиндагиашро пура кунад ба сигор каши ва нолишy ба касали руҳи ҷисми мyбтало хоҳад шyд. Дар кишвар қишри бедор боилм бо истедоди мо хоҳ y руҳони бошад ё фарҳанги бо ҳамин мушкилоҳо ру ба ру ҳастанд. Имрузҳо ба сабаби машақатҳои ҷизми ва руҳи ҳатто занҳои мо шакли мардҳоро касб карданд.
Посух додан
  • Сухроб

  • 1 ноябр 2013 21:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам аъзои ХНИТ. Кабирй ба Туркия (!!!!) барои истирохат рафтааст. Ин аст хакикат ки ягон чои уро барои шумо фанатикхо парво нест. Яъне худатон медонеду интихобот! Ман мехостам ба ХНИТ аъзо шавам, лекин ин Кабирй дар хакикат исбот намуд, ки бо Хукумат як аст!
Посух додан
  • tojik

  • 2 ноябр 2013 00:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
dam bigir seravno boi doden.
Посух додан
  • Карим

  • 2 ноябр 2013 11:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба бародари "точик" агар аз оилаи рахмон набоши ту хам бой доди.
Посух додан
  • Точик

  • 2 ноябр 2013 11:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чои шумо Туркия аст, устод! Дигар барнагардед. ХНИТ ба рахбари нав ниёз дорад, ба рахбари хакики. Мо ба оппозицияи вокеи ниёз дорем, на ба оппозицияи сохтакор. Дам гиред, шумо моли гузаштаед. Мо ба моли нав ниёз дорем.
Посух додан
  • Ahmad

  • 2 ноябр 2013 17:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар ва yстод Кабири агар ҳамеш дар Тyркия дам мегирифти ва фарзандонатро хубтарy беҳтар роҳнамои мекарди ва ба пешбyрди иқтисодат ҳам хyбтар мерасиди беҳтар мебуд. Натавнисти ё нахости тавоноиатро дар амал иҷро куни ва ё ё ҳои дигар ҳам аз тарзи рафтори худ баровардан мумкин. Хоҳиш yстодҷон хyб сайру гашт кардед хyб дунёдида шyдедy роҳои бадаст овардани иқтисодро ҳам беҳтар омухтед. Акнун равед ва аз номи наҳзат истифода набаред. Тиматон ҷyз намоишкори кори дигаре анҷом надоданд ва дар охир ҳам дидем ҷyз хори пасти заифи сархами натиҷае дигар е нест. Монед дигарҳо инсонҳое ки воқеан мухлисанд самимианд раҳбариро бадаст гирандy ба ислому мусалмонҳо хидмат кунанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гандбол ё Ҳандбол
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Устд буздил буд буз дил мемонад хамаи тарафдороги ХНИТ дил шикаста кард бродарон Мо ба Шердил ниеоз дорем на ба буздил рузеки худша ба номзади намонд ма хамувахт хискардум киин шери маедон нест ин бузи маедонае ХУДОВАНД БАМО ШЕРИ МАЕДОНРО ТУХФА КУНА БАРОДАРО ХАМАКАСА ДОЬОГУБОШЕД
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар бозор собир аз хукумат хона гирифта бошад пас писарамаки у Кабири пул гирифта барои равнаки бизнесаш ба Туркия рафтааст ва мардумро бо хар бахона гул мезанад
Посух додан
  • Shuhrat

  • 2 ноябр 2013 21:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Точик. Агар дар хакикат ба моли нав ниез дошта боши чаро Зайд Саидовро дастгири намекуни ва барои озодии у хеч кушише намекуни? Зайд Саидов моли нав аст,мархамат мард бошу Саидовро аз ин мусибат рахо кун! Агар аз дастат хеч кор наояд маълум мешавад,ки ту игвогари!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухидин Кабири шумо ин кадар маблага аз кучо меёбед, ки се- тои писари Шумо ба Туркия мехонад!!
Шумо як одами тарсончак будед ку!!! Ин хизба Шумо шармада кардед!!!!
Аз пушти хизб шумо пул кор карда гаштед!!!
Он кадар одами нагз нести Кабири!!!

Чоп кун ОЗОДАГОНЧОН
Посух додан
  • Аҳмад

  • 3 ноябр 2013 12:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом устоди муҳтарам баҳазур оддих кунед шумо кори худро бо тамоми нозукиҳояш анҷом додаед ва иншоалоҳ подошашро мегиред, Ин мардуме ки инхел гапҳои ноҷоро мезанан фақат руи компиютерро дидагиян ҳоли намедонан дар берун чигап аст. Ба ҳамин хотир ба чунин одамҳо бояд худро машғул накард. ҳар куҷо ки бошед сиҳату саломат ва сарбаланд бошед
Посух додан
  • Бозор

  • 3 ноябр 2013 17:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачаб давре шудааст , аъзохои ххдт худро нахзати гирифта аз номи онхо дар инчо камент менависан! Э шармандахо руи точикро дар дунё сиях кардед, боз чи ин кадар войма мекунед?
Посух додан
  • батик

  • 3 ноябр 2013 19:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хамае ки комент навистан. Если ты увреровал ..говори только хорошее или молчи. Один Аллах нам судья.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!