Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:51

Камераҳо: Дар шаш соат беш аз 17 000 қоидавайронкунӣ

2 ноябр 2013, 10:41

Баъд аз зуҳри рӯзи 1-уми ноябр Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт, ки бо номи “Шаҳри бехатар” маъруф аст, ба фаъолияти худ оғоз кардааст.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, давоми рӯз аз ҷониби таҷҳизоти банаворгирии ин марказ “беш аз 17 ҳазор далели вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва 10 далели вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ сабт шуд”.

Марҳилаи аввали лоиҳаи инноватсионии “Шаҳри бехатар” ё низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе 31-уми октябр бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон расман ба кор шурӯъ намуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон камераҳои назоратӣ кори нозирони ҳаракат дар роҳро хеле осон мекунанд: “Ягон қонуншикан ва вайронкунандаи қоидаҳои ҳаракат беҷазо нахоҳад монд, зеро тамоми воқеаҳои нохуш сабт мегарданд ва касе ба қонуншикан кумак расонда наметавонад. Ҳамчунин мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, саҳл гардида, як қадами муҳим дар роҳи гузаштан ба ҳукумати электронӣ гузошта мешавад. Дар сурати босифат ва самарабахш амалӣ шудани лоиҳа дар шаҳри Душанбе ин кор дар шаҳру ноҳияҳои дигар низ амалӣ хоҳад шуд.”

Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар 9 моҳи соли 2013 дар ҷумҳурӣ 1033 садама ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 350 нафар фавтида, 1110 нафар ҷароҳат гирифтаанд. Манбаъ мегӯяд, ҳоло ҳам ҳолатҳои қоидавайронкунӣ, аз ҷумла итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия ва чароғаки роҳнамо, сабқату суръатафзоӣ ва доир намудани пойгаи мошинҳо, инчунин содир намудани садамаҳои нақлиётии марговар аз тарафи фарзандони шахсони мансабдор, воломақом ва сарватманд ба назар мерасанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба худо кори нагз кадай чаноб и гаии мо факат ягон камбагала ебан худо меташон бигзор хама камера шава.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!