Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:05

Тӯраҷонзода: “Агар ба интихобот равам, ба кӣ овоз диҳам?”

6 ноябр 2013, 09:42

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, сиёсатмадор ва рӯҳонии саршиноси тоҷик мегӯяд, то ҳол барои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ нарафтааст ва дар сурати рафтан ҳам намедонад, ба кӣ овоз бидиҳад. “Агар равам ҳам ба кӣ овоз диҳам?”,-бо суол ба суоли мо посух дод оқои Тӯраҷонзода.

Бояд гуфт, оқои Тӯраҷонзода шахси аввал нест, ки мегӯяд дар интихоботи президентии 6 ноябр иштирок намекунад. Аз ин пеш, Ойниҳол Бобоназарова, номзади ислоҳотхоҳони тоҷик, ки аз идомаи сабқат дар интихобот маҳрум карда шуд, гуфта буд, ба овоздиҳӣ намеравад.

Инчунин Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло бо як сафари ғайрирасмӣ дар Туркия қарор дорад, гуфт, дар раъйдиҳии интихоботи президентии кишвар иштирок нахоҳад кард, чун зарурати баргаштан ба Ватанро то интихобот намебинад.

Ёдовар мешавем, имрӯз 6 ноябр мардуми тоҷик барои 7 соли оянда барои худ раҳбар интихоб мекунанд, ки дар интихоботи имрӯз 6 номзад барои дарёфти курсии президентӣ талош доранд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, Исмоил Талбаков, номзади коммунистҳо, Олимҷон Бобоев, номзади ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, номзади состиалистҳо, Саидҷаъфар Исмонов, номзади ҳизби демократ ва Толиббек Бухориев, номзади аграриҳо.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хусайн.

  • 6 ноябр 2013 10:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рост мегуяд ин шахсони муътабар. Ман хам рафтам лек хамаша хат задам Худо ин шармандахоро боз шармандатар кунад омин.
Посух додан
  • Намеравем

  • 6 ноябр 2013 10:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вокеъан, агар равем хам, ба ки овоз дихем? Бехтараш намеравем!
Посух додан
  • Donishju

  • 6 ноябр 2013 15:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Charo mardumro sargardon mekunand in intikhobot durug ast
Посух додан
  • Сами

  • 8 ноябр 2013 10:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Рахмонове, ки ба ту дар Хукумат мансаб дод, ту хиёнат кадри.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо ба Эмомали Рахмон овоз додем аз хама бехтараш хамин нигох кун чи кад сулх овард чанги бародар куширо аз байн бурд ин кадар халки точик дар шахрхои Fариби хамаашро ба ватан овард бояд ки шукри ин неъмат кунем ва шукри ин неъмат ба чо оварем Иллохо Эмомалии Рахмонро дар панохи исмати худ нигах дор бош ва дар болои сари мо нигах бонаш бош Омин Ё Раббал оламин!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!