Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:47

Эмомалӣ Раҳмон “осон” боз президент шуд (ВИДЕО)

7 ноябр 2013, 14:02

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи ҳафтуми ноябр дар як нишасти хабарӣ эълон кард, ки Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Иттиҳоди ҷавонон ва Федератсияи иттифоқҳои касаба, дар интихоботи 6 ноябр бо дарёфти 3 миллиону 23 ҳазору 754 раъй ё 83,6 дарсади овозҳо пирӯз шудааст.

Ба ин тартиб, оқои Раҳмон барои бори чаҳорум ба курсии раёсати ҷумҳурӣ такя зад. Вай дар интихоботҳои соли 1994, 1999 ва 2006 низ бар рақибонаш дастболо шуда буд.

ВИДЕОИ ЭЪЛОНИ ПИРӮЗИИ РАҲМОН

Дар пайи Раҳмон, Исмоил Талбаков -- номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон қарор дорад, ки тибқи иттилои пешакии КМИР 5 дарсади овозҳо (бештар аз 181 ҳазор раъй)-ро соҳиб шудааст. Толиббек Бухориев -- номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон 4,5 фоиз (166 ҳазору 224), Олим Бобоев -- номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 3,8 дарсад (140 ҳазору 133), Абдуҳалим Ғаффоров -- номзад аз Ҳизби сотсиалистӣ 1,5 фоиз ( 54 ҳазору 148) ва аз ҳама кам Саидҷаъфар Исмонов -- номзад аз Ҳизби демократ 1 дарсади овозҳо (36 ҳазору 572)-ро соҳиб шудааст.

Ба иттилои Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз 4,2 миллион раъйдиҳанд дар интихоботи президентии 6 ноябр 86,6 дарсади онҳо (3 миллиону 640 ҳазору 56 нафар) ширкат кардаанд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси ин кумисюн, ба хабарнигорон гуфт, ин интихобот шаффофу одилона баргузор шуда, номаву шикояте ҳам ба онҳо нарасидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ba fikri ma in hama durugay, in hama tagalubay 4un man az har odameki dar intihobot wirkat kardagiyan mepursam megan mo aslan ba hi4kas ovoz nadodaem 4itur in hama ovozhoro ba dast ovarday
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эмомали Рахмонро бори дигар ба сари кудрат омаданашон табрик мегум! Душманони миллат мурданд!
Посух додан
  • jonik

  • 7 ноябр 2013 15:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салому алекум ба хама ман як чизро нафахмидам дига номзадхо 5% яъне 210х овоз чамъ карда тавонистан чихел мешава ки хамаша аз 5% кам рай овардан хамон шахсонеки овоз дода будан дубора овозшон надодан. хади акал аъзохошон ки аз 5% боло мебарома ки бугем демократи буд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА ТОЧИКИ БО ( АКЛ )
БАЪДИ ИН ТАБРИКОТАТОН ФАХМИДАМ КИ ДУШМАНИ ХАМИН МИЛЛАТ ТУ ВА САРКАЛХОИ РУССИЯИ ФАШИСТИ ХАСТАНД ! ДИГАР ИН МИЛЛАТ ДУШМАНЕ НАДОРАД ВА ХУДОВАНД ОНРО ХИФЗ КАРДА ИСТОДААСТ !!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА ДУШМАНОНИ ТОЧИК МАРГ,МАРГ БОД.ЗИНДА БОД Э.РАХМОН .МАН ХАМЧУН ЯК МУАЛЛИМИ ЧАВОН АЗ ЧАНОБИ ОЛИ МИННАТДОРАМ БИСЁР ГАМХОРИ МЕКУНАНД.СОЛХО 1991-93ро фаромуш накунед....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шармандаги аз рафти интихобот ва натичаи он ягон воситаи ахбори бонуфуз хато харфе назад гуе ки мо бачаи чайра бошем дар ин дунеи номарди кмир дилашонро наефтаст ки акалан мегуфтанд ки дар точикистон интихобот аст ва ки галаба кард
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муборак бошад!!! Эмомали Зебанда хаст бигузор сад соли дигар миллати точикро сарвари намояд.Мо чавонон хамеша тарафдори сиёсати имрузаи у хастем. Муборак!!!

Муборак!!! Эмомали зебанда хаст .Бигузор сад соли дигар миллати точикро сарвари намояд.точик,
Посух додан
  • tadjik

  • 7 ноябр 2013 22:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
muborak bod janobi oli.
Посух додан
  • Кабиров

  • 8 ноябр 2013 08:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба чоник!
Хаминро фахмида гир, ки пешбари барои номзад шудан дигар гапу интихоб кардан дигар аст. Масалан як нафар барои пешбарии номзади дар вакташ розиги ё имзо гузоштааст. Дар рафти сабкат бо барномаи пешазинтихоботии хамон нафар ва дигарон шинос шуда, фикраш нисбати шахси пешбарикардааш дигар шудааст. О дар интихобот интихобкунанда номзад нею барномаи пешазинтихоботии уро тарафдори мекунад-ку. Ё намояндаи як хизб дари хонаро куфт ва хохиши тарафдори кард. Шумо имзо гузоштед ба хотири дидори у лекин дар кабина касе нест-ку. Ба барномаи пуркувваттаре овоз медихед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости гап, ба ҳамин интихобот ҳеҷ зарурате ҳам набуд. Ҷаноби Олиро такроран президент эълон мекарданд мешуд. Ку касе, ки муқовимат нишон диҳад? Қандашро занад. Аксарияти кулли мардум дар ғами қути лоямут аст, на дар ғами он, ки КӢ ПРЕЗИДЕНТ ШАВАД. Барои халқи Тоҷикистон интихоботҳо ками кам пас аз сад соли пурра арзишу қадр пайдо мекунанд. Хамонро ҳам Худо медонад.
Посух додан
  • Далери Шерали

  • 9 ноябр 2013 21:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гуш кун донишчу руятро сиёх накун ман аъзои хавзаи интихоботи будам касам ба номи поки Худованд ки дар хавзаи мо хангоми хисобкуни ман бо чашми худ дидам ки хамаи мардум ягдилона ба тарафдории Эмомали Рахмон овоз додаанд. Вале ту ватан фуруш номи ин мардро паст зада истодаи.

donishju,
Ту ватан фуруш хасти ва бе ватан мемуриdonishju,
Посух додан
  • емомали

  • 14 ноябр 2013 10:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дустони азиз якбор аз худо тарсед хамин емомали хизматхои хубхам кардааст амм бузург тарин ходимони ин милатро ба кунчи зиндон ва аз байн бурдааст

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!